Дар шаҳри Харкови Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ хабар дод.
Ба навишти манбаъ, ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Парамонов мебошад.
“Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоъиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд”, - навиштааст манбаъ.
Китоби мазкур достонҳои “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро” ва “Мактаби кӯҳна” -ро дар бар мегирад.
Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аст. Театри опера ва балет дар пойтахт, як ноҳия дар Суғд ва чандин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.
Ҳама хурсанд, ҳатто шикастхӯрда ҳам эътирозе надорад. Аввалин вокуниши роҳбарони ҳизбҳо ба натиҷаи пешакии интихобот
Додситони нави ҳарбӣ хост, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ шавад
Тағйироти кадрӣ дар сохтори додситонӣ ва додгоҳӣ. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба ислоҳи камбудиҳо ва забондонӣ муваззаф кард
Деҳқонони Тоҷикистонро ба кишти пахта маҷбур мекунанд
Азсаргирии парвози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?
Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд
Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд
Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд
Реҷаи интиқоли барқ дар моҳи Рамазон тағйир ёфтааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста