Дар пасманзари афзоиши сохтмони анборҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз лиҳози ба истифода додани анборҳои нав қафо мемонад, гуфта мешавад дар таҳқиқоти NF Group. Айни ҳол дар кишвар ҳамагӣ тақрибан дар 10 ҳазор метри мураббаъ биноҳои анбор мавҷуданд, ки барои нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва борҳои гумрукӣ истифода мешаванд.
Дар семоҳаи сеюми соли 2024 дар Тоҷикистон ягон иншооти нави анбор ба истифода дода нашуда, ҷойҳои холии сохтмони анборҳо вуҷуд надоранд. Бо вуҷуди ин, вобаста ба зиёд шудани талабот ба инфрасохтори марбут ба анборҳо, ҳукумати кишвар фаъолона ба рушди бозори логистика машғул аст.
Солҳои наздик дар доираи долони иқтисодии Шимкент – Тошканд – Хуҷанд бо дастгирии Бонки осиёии рушд дар Хуҷанд таъсиси Маркази минтақавии логистика ва савдо дар назар аст. Ҳамчунин дар масъалаи ташкили марказ (хаб)- логистикӣ бо Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ ҷараён дорад.
Дар давраи солҳои 2024-2025 лоиҳаҳои се маҷмааи нави анборҳо муаррифӣ шудааст, ки тибқи нақшаҳо, анборҳои ҳарораташон паст ва майдони умумии беш аз 50 ҳазор метри мураббаъро дарбар хоҳанд гирифт.
Тибқи таҳқиқоти NF Group, аз рӯи суръати ба истифода додани анборҳои нав Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар минтақа пешсафанд. Дар давоми 9 моҳи соли 2024 дар Қазоқистон 271 ҳазор метри мураббаъ ва дар Ӯзбекистон - 121 ҳазор метри мураббаъ биноҳои анборҳои нав ба истифода дода шудаанд.
Дар Қирғизистон бозори амволи анборҳо маҳдудтар буда, асосан дар Бишкек ҷойгир шудааст. Бо вуҷуди ин, нархҳои баланди иҷора ва набудани майдонҳои холӣ ба рушди лоиҳаҳои нав аз қабили Asia Park ва Маркази Батир Логистик мусоидат мекунанд.
Тибқи хулосаи коршиносони NF Group, барои бартараф намудании норасоии инфрасохтор дар Қирғизистон ва Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёде лозиманд. Дастгирии давлат ва ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ барои устуворӣ ва рушди бозори амволи анборҳо дар ин кишварҳо омили муҳим хоҳанд буд.
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста