Шоми 16 сентябр дар бӯстонсарои ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон - сарони кишварҳои Беларус - Александр Лукашенко, Ӯзбекистон -  Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон -  Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон - Садир Жапаров ва сарвазирони Арманистон -  Никол Пашиня ва Покистон - Имрон Хон, инчунин дигар меҳмонон дар бӯстонсаройи ҳукумати Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.

1/38

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

“Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд, - менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат. - Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.