Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 октябр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, ӯро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президенти Ӯзбекистон самимона табрик гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз ҷараёни рушди бомароми ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба саҳми арзандаи Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ин раванд баҳои баланд дод.
“Ҷонибҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ изҳори боварӣ намуда, омодагии худро барои ғанӣ гардонидани муносибат ва ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи бештару созанда таъкид намуданд”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти сарвари давлат.
Дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат зикр мешавад, ки пирӯзии эътимодбахши Шавкат Мирзиёев дар интихобот боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии ӯст, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.
“Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳоямон ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро пеш хоҳем бурд”, - изҳори итминон кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ.
Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон натиҷаҳои пешакии маъракаи интихоботи президентӣ дар ин кишварро расман эълон кард.
Тавре раиси Комиссия Зайниддин Низомхоҷаев хабар додааст, тибқи маълумоти пешакӣ номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон, президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев 80,1%-и раъйи интихобкунандагонро касб кардааст.
Ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон Мақсуд Ворисов 6,6%; Ҳизби демократии Ӯзбекистон “Миллий тикланиш” Алишер Қодиров – 5,5%; Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон “Адолат”- Баҳром Абдуҳалимов – 3,11% ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов – 4,11%-и интихобкунандагон овоз додаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.