Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев аз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дархост намудааст, ки роҳнамоҳои чанде пеш бо забони тоҷикиву ӯзбекӣ дар бархе аз истгоҳҳои метро пайдошуда санҷида шаванд. Ӯ ишора намудааст, ки дар ин бора аз шаҳрвандон муроҷиатҳо расидаанд.
Ба гуфтаи вай, дар робита ба ташкили маркази ягонаи муҳоҷират дар Сахарово, ба ӯ дар бораи “афзоиши вуруди муҳоҷирон дастаҷамъона шикоят мекунанд”.
Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ бахусус аз роҳанамоҳо дар истгоҳи метрои “Прокшино”, ки автобусҳо аз онҷо ба маркази муҳоҷират мераванд, “хеле нороҳат” шудаанд. Қобили зикр аст, ки навиштаҷот дар ин роҳнамоҳо бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дарҷ ёфтааст.
Валерий Фадеев ишора кардааст, ки чунин қарор гӯиё хилофи қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад. Бандҳои мушаххаси ин қонунро ӯ номбар накардааст. Ғайр аз ин, ӯ бар ин назар аст, ки тағйирот бо қоидаҳои қолабии метрополитен мувофиқа карда намешаванд.
"Мо ба ҷои сиёсати ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеа ва фарҳанги маҳаллӣ, барои будубоши бароҳати афроди навомадае, ки саводи кофӣ надоранду забони русиро намедонанд, тамоми шароитро фароҳам меорем", - изҳори норозигӣ кардааст раиси Шӯро.
Раҳнамоҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар истгоҳҳои метрои “Прокшино” ва “Лесопарковая” моҳи сентябри соли 2021 пайдо шуданд. Тавре дар дафтари матбуоти шаҳрдории Маскав зикр карда буданд, ки роҳнамоҳо дар истгоҳҳо бо забонҳои гуногун барои қулай ва мусоид будан ба муоҷирони раҳсипор ба маркази муҳоҷират насб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар баъзе хатҳои метрополитени Маскав номи истгоҳҳо муддати чандин сол натанҳо бо забони русӣ, балки англисӣ низ эълон шуда, дар ҷадвали хатҳои метрополитен номи истгоҳҳо бо навиштаҷоти лотинӣ низ зикр шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.