Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов нияти Корхонаи давлатии «Nebitmaş»-ро дар мавриди харидории алюминий аз Тоҷикистон маъқул донист.
Бо қарори роҳбари давлати Туркманистон ба корхонаи мазкур ҷиҳати имзои қарордод барои харидории маҳсулоти ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” иҷоза дода шудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии Туркманистон.
Гуфта мешавад, ширкати ин кишвар ният дорад, ки аз Тоҷикистон ба сурати умум 10 ҳазор тонна маҳсулоти алюминий харад.
Ҳадафи харидории алюминий аз Тоҷикистон “таҳкими минбаъдаи иқтидори иқтисодии кишвар дар давраи Эҳёи марҳилаи нави давлати пурқудрат, бар асоси инноватсионӣ роҳандозӣ намудани иқтидорҳои саноатии коркард ва ғановати бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот” унвон мешавад.
Корхонаи давлатии «Nebitmaş» 1 марти соли 1961 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, талаботи соҳаҳои асосии кишвар, аз ҷумла бахшҳои энергетика, корхонаҳои комплекси нафту газ, кишоварзӣ, корхона ва муассисаҳои давлатиро бо маҳсулоти мошинсозӣ таъмин мекунад.
ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) ягонаи корхонаи истеҳсолкунандаи алюминий дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ монда, иқтидори лоиҳавии он истеҳсоли 517 тонна алюминий дар як солро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Вазорати саноати Тоҷикистон, соли 2021 дар ин корхона 61 ҳазор тонна ин навъи металл истеҳсол шудааст, ки 28% камтар нисбат ба соли 2020 мебошад.
Коҳиши ҳаҷми истеҳсолро дар корхона мутаваққиф шудани воридоти ашёи хоми зарурӣ бар асари пандемия маънидод мекунанд.
Соли гузашта ТАЛКО ба хориҷи кишвар ба маблағи 119 млн доллар ҳудуди 50 ҳазор тонна алюминий интиқол додааст.
То охири соли равон ширкат ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро то 86 ҳазор тонна зиёд кунад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар семоҳаи аввали соли равон 4,8 баробар - қариб то 14 млн доллар афзуда, ҳамаи муомилот ба воридоти маҳсулот аз Туркманистон ба Тоҷикистон рост меояд.