ВКХ Тоҷикистон бо пахши изҳорот доир ба идомаи амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистон дар манотиқи сарҳадӣ иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, ин кишвар дар маҳаллаҳои марзии навоҳии Лайлак ва Чон-Олойи вилояти Бодканд таҷҳизоти сангини низомиро пинҳон мекунад.

Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки новобаста ба имзои протокол дар бораи ба эътидол овардани ҳолат дар сарҳад, Тоҷикистон чандин амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистонро сабт намуд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад.

“Ҷониби Қирғизистон вонамуд мекунад, ки гӯё нерӯҳо ва техникаи вазнини ҳарбии худро аз хати сарҳад дур мекашад, дар асл онҳоро дар маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадии ноҳияи Лайлак ва Чон-Олойи вилояти Боткени Қирғизистон пинҳон менамояд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.

ВКХ таъкид менамояд, ки 18-уми сентябр 4 адад техникаи ҳарбии вазнин (БТР, БМП, БРДМ и ЗУ 22мм)-и пинҳонкардаи нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ” дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Ҳамчунин, 19-уми сентябр дар наздикии маҳалли аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон 12 адад техникаи пинҳонкардаи нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон мушоҳида шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, рӯзи 19 сентябр каме дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои ҳарбии таъиноти махсуси Қирғизистон бо теъдоди 70 нафар шахсони мусаллаҳ муайян карда шуд.

“Ҷониби Тоҷикистон ба сабти ҳолатҳои сершумори убури фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин (БПЛА) аз қаламрави Қирғизистон идома медиҳад. Ба ин тариқ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози чунин дастгоҳҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон - Сарҳадчӣ” ва Ширинчашма” дар ноҳияи Лахш”, “Росровут” ва “Муряк” дар ноҳияи Деваштич, инчунин дар фазои болои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расид”, - омадааст дар изҳороти ВКХ.

Тоҷикистон бори дигар Қирғизистонро даъват кардааст, ки протоколҳои имзошударо дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ бечуну чаро иҷро кунад, дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ хоҳад кард, ки масъулият барои оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.

Дар ду рӯзи охир, ин сеюмин изҳороти расмии Тоҷикистон дар робита ба риоя накардани созиши оташбас аз ҷониби Қирғизистон ва баромади шахсиятҳои алоҳидаи ин кишвар дар робита ба вазъи марз аст.

Қирғизистон то ба ҳол ба ин изҳоротҳо посухи расмӣ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандаш хабар медиҳад.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.