Ду ҳафта пеш, 30-юми октябри соли 2024, Тарона - хонандаи синфи ду аз деҳаи Бӯстони Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб, дар садамаи нақлиёт ҷон бохт. Ӯ аз сабаби набудани мактаб дар деҳаи худ роҳи тӯлониро тай карда, қад-қади роҳи мошингард ба деҳаи дигар барои таҳсил мерафт ва ҳамин тавр боз бармегашт. Марги духтараки 9-сола мушкили дерини норасоии мактабро дар ин деҳа бори дигар доғ кард. Модари Тарона бовар дорад, агар дар деҳаи Бӯстон мактаб сари вақт бунёд мешуд, духтараш имрӯз шояд зинда буд. Аммо қарори ҷудо кардани замин барои бунёди мактаб дар ин деҳа, ки 14 сол пеш, ҳанӯз пеш аз таваллуди Тарона содир шуда буд, то ҳол иҷро нагардидааст.

Чаро марги Тарона мушкили солҳо инҷониб ҳалталабро доғ кард ва сабаби аслии ҷудо нагардидани замин барои бунёди мактаб дар як деҳае, ки қариб 400 хонанда дорад, чӣ аст?

Хабарнигори “Азия-Плюс” ба деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент рафт ва бо волидони Тарона, сокинону масъулини он сӯҳбат кард.

 

“Агар мактаб медоштем, шояд духтарам зинда буд”

Тарона Ниёззода фарзанди панҷуми хонавода буд, ки дар синфи 2-и мактаби рақами 53-и деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент таҳсил мекард. Ин мактаб қариб 5 километр дур аз деҳаи Бӯстон, зодгоҳи Тарона, ҷойгир аст. Тарона ҳар рӯз ҳамин қадар роҳро тай карда, ба мактаб мерафт ва ба хона бармегашт.

Яке аз охирин аксҳои Тарона Ниёззода

“Духтари нозанинам ботарбияву оромтабиат буд. Ҳамон рӯз (30-юми октябри соли 2024), мисли рӯзҳои дигар, соати 11, қариб ду соат пеш аз оғози дарс ба мактаб рафт. Бояд соати 17:30, пас аз анҷоми дарсҳояш, ба хона бармегашт, аммо хабари ба садамаро шунидем. Дертар ҷасади ӯро аз беморхона ба хона овардем...”, - бо чашмони пур аз об ва гулӯи гирифта нақл мекунад Мастура Шодмонова, модари Тарона.

Роҳи деҳаи Бӯстон то Марғедар пур аз шебу фарозу ноҳамвор аст ва қитъаи ҳамшафати роҳи мошингарди Душанбе – Панҷакент хатарноктарин қитъаи ин роҳ ба ҳисоб меравад. Тарона дар ҳамин қатъаи роҳ зери мошин мондааст.

Зӯринисо Сафарова, сокини деҳаи Бӯстон, ки он рӯз аз маркази шаҳри Панҷакент ба хона бармегашт, шоҳиди садама шудааст.

“Вақти бозгашт дар роҳ хонандагони мактабро дидем ва мошинро нигоҳ доштем, то чанд нафари онҳоро то деҳа барем. Ҳамин вақт садои садама шунида шуд ва хонандагон фарёд карданд. Ба ҷониби дигари роҳ нигаристам, ки Таронаро мошин задааст”, - мегӯяд Зӯринисо Сафарова.

Ӯ мегӯяд, Таронаро аз зери мошин ва аломати роҳ берун карда, ба беморхона буданд, аммо маълум шуд, ки ҷон додааст. Вале ӯ дақиқ надидааст, ки садама дар чӣ шароит рух додааст.

Омилҳои садама таҳқиқ мешавад, аммо ин нукта дақиқ аст, ки Тарона дар паҳлӯи роҳ ва ҳангоме ки аз мактаб бармегашт, зери чархи мошин ҷон додааст.

 

Тарона Ниёззодаро дар ҳамин қитъаи роҳ мошин задааст

“Бунёди мактаб ногузир аст”

Ҷасади Таронаро ба хок супоридаанд, аммо ин ҳодиса мушкили солҳо инҷониб ҳалталаби деҳа – набудани мактабро доғ кард. Ҳамакнун сокинони деҳа аз фиристодани фарзандони худ ба мактаб, ки аз деҳаашон қариб 5 километр дур, дар ҳамсоядеҳаи Марғедар аст, дар ташвишанд. Онҳо мегӯянд, роҳи аз деҳа то мактаб хатарнок аст.

“Қисме аз роҳ ҳамшафати роҳи мошингард аст ва хатари садама ҳамеша ба онҳо таҳдид мекунад. Аммо фарзандони мо маҷбуранд ба мактаб раванд. Мо ҳамеша хавотирем”, - мегӯяд як сокини деҳаи Бӯстон.

Ҳамшафатӣ бо роҳи мошингард ягона хатар ба ҷони хонандагони мактаб аз деҳаи Бӯстон нест.

“Дар фасли зимистон мушкили фарзандонамон бештар мешавад. Аксар вақт либосашон тару лой меоянд, вақте мепурсед, мегӯянд, ба хотири ба дарс дер накардан давиданд, ғалтиданд ё аз саги дайду фирор карданд. Дар фасли зимистон зуд торик мешавад ва фарзандони мактабхони мо дар торикиҳо метарсанд. Ба хона тарсидаву хаста меоянд ва барои дарсхонӣ дигар қуввате надоранд”, - мегӯяд Зӯринисо Сафарова.

Ҳоло сокинони калонсоли ин деҳа бо навбат фарзандонро то мактаб ва баръакс ҳамроҳӣ мекунанд.

“Ягона умеди мо бунёди мактаб аст. Танҳо баъди бунёди мактаб амнияти фарзандони мо таъмин мешавад ва онҳо аз ин ҳама душвориҳо раҳо гардида, барои таҳсил шароит ва вақти бештар пайдо мекунанд”, - мегӯяд сокини дигари ин деҳа.

Хонандагони мактаби деҳаи Бӯстон танҳо нестанд, ки ба деҳаи дигар ба таҳсил мераванд. Нақибхон Саидов, муаллим аз деҳаи Бӯстон низ панҷ сол мешавад, бо сабаби набудани мактаб дар деҳааш дар мактаби деҳаи Марғедари боло дарс медиҳад.

“Сокинони деҳаи Бӯстон зиёд мешаванд. Ҳоло тахминан 400 хонандаи мактаб дорад. Агар дар деҳаи мо мактаб бунёд шавад, метавонам инҷо кор кунам. Яъне имкони таъмин бо муаллим низ ҳаст, танҳо мактаб бояд сохта шавад”, - мегӯяд Нақибхон Саидов.

 

1/8

Қарор ҳаст...

Мушкили набудани мактаб дар деҳаи Бӯстон чандин сол аст, ки мубрам гаштааст. Мақомот низ аз ин огоҳанд.

Тибқи қарорҳое, ки Фатҳулло Иброҳимов, раиси деҳаи Бӯстон ба мо нишон дод ва нусхаи онро дастрас кардем, барои интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон, супориш шудааст.

Қарорро соли 2010 раиси вақти шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров имзо кардааст. Дар қарор зикр мешавад, ки “барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Чимтарға ва Уреҷи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дар қитъаи замини интихобшуда ба андозаи 1,0 га иҷозат дода шавад”.

Соли 2011 қарори дигаре содир шуда, дар он зикр гардидааст, ки “санади комиссияи шаҳрӣ аз 06.01.2011 оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон аз заминҳои хоҷагиҳои Чимтарға ва Уреҷи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба майдони умумии 1,0 гектар барои истифодабарии бемӯҳлат мувоффиқи таъиноташ тасдиқ карда шавад”.

Дар ҳамин қарор аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хоҳиш карда шудааст, ки “барои ҷудо намудани қитъаи замин дар майдони 1,0 гектар корами обӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд”.

Соли 2012 Қоҳир Расулзода, раиси вақти вилояти Суғд дар посух ба мактуби раиси шаҳри Панҷакент навиштааст, “Қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 23 августи соли 2011, № 258 “Оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Чимтарға ва Уреҷи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ”, ба масоҳати умумии 1,0 гектар аз ҳисоби заминҳои корами обӣ дастгирӣ карда шавад”.

 

Мактаб дар деҳаи Марғедар, ки хонандагони деҳаи Бӯстон бо тай кардани роҳи пур аз шебу фароз барои таҳсил мераванд.

...аммо чаро мактаб нест?

Инак 14 сол мешавад, ки қарори содиршуда иҷро намегардад ва мактаб то ҳол бунёд нашудааст.

Фатҳулло Иброҳимов, раиси деҳаи Бӯстон мегӯяд, ба ҳамаи мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст, аммо натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст.

“Қарори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ба тасвиб нарасидааст. Аз ин лиҳоз, аз МИҲД-и вилояти Суғд ба мо посух доданд, ки бо сабаби ба тасвиб нарасидани қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон, сохтмон дар замини интихобшуда ба мавқуф гузошта шудааст”, - зикр кард Фатҳулло Иброҳимов.

Ахиран ба мактуби Фатҳулло Иброҳимов аз Идораи замини вилояти Суғд ҷавоб додаанд, ки “тибқи талаботи банди 8-и протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2018 бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминҳои корами обӣ манъ буда, сохтмони чунин иншоотҳо дар доираи нақшаи генералӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидаанд ва дар маҳалҳои аҳолинишин ба ҷойи биноҳои кӯҳнаю фарсуда амалӣ мегарданд”.

“Хулоса ҳамин, ки дар заминҳои корами обӣ сохмони мактаб иҷозат дода намешавад, аммо мо замини ғайрикишоварзӣ надорем. Чӣ кор кунем?”,- мепурсад Фатҳулло Иброҳимов.

 

Замине, ки барои бунёди мактаб интихоб шуда буд.

Баъди марги Тарона мактаб сохта мешавад?

Чунин менамояд, ки марги Тарона ва расонаӣ шудани мушкили набудани мактаб дар деҳаи Бӯстон масъулинро барои бунёди мактаб такон додааст.

Рӯзи 1-уми ноябр, вақте мо дар деҳаи Бӯстон қарор доштем, раиси ҷамоати Рӯдакӣ (деҳаи Бӯстон шомили ин ҷамоат аст) ва намояндагони Кумитаи замин ва гиодезии шаҳри Панҷакент низ ба ин деҳа омаданд ва барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати бунёди мактаб машварат мекарданд.

Ду рӯз пеш, 12-уми ноябр, аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “идораи замин ва геодезии шаҳри Панҷакент ба масоҳати 60 сотих замин аз ҳисоби заминҳои аҳолинишин барои сохтмони мактаб дар деҳаи Бӯстон интихоб кардаанд. Барои ин андозаи замин дигар қарори ҳукумати кишвар лозим нест”.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки вазифаи вазорат сохтани бино набуда, ба роҳ мондани таълим мебошад.

“Танҳо дар доираи имкониятҳо ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вазорат имкон дорад муассисаҳои таълимиро бунёд кунад. Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ барои сохтани муассисаҳои таълимӣ вазорат ҳамеша ҳавасманд ва омода аст”,-гуфтанд дар вазорат.

Ҳамдеҳагони Тарона ҳоло омодаанд, ки мактабро худ бунёд кунанд. Зеро намехоҳанд фарзандони онҳо дар хатар бошанд. Ягона талаби онҳо ҷудо кардани қитъаи замин аст.

Бояд гуфт, тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар дар Тоҷикистон 78 ҳазор ҷой барои хонандагон намерасад. Шумораи дақиқи норасоии мактаб мутаасифона дастрас нест.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар баромади худ дар Рӯзи дониш зикр кард, ки дар кишвар 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад. Ба гуфтаи ӯ, инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.

Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) сохта ё васеъ карда мешаванд, лекин сатҳи таваллуди баланд сохтмони ду баробар зиёди чунин муассисаҳоро тақозо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.