Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ дар синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии “Листопад” соҳиби диплом гардид.  Дар ин хусус муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Синамоҷашнвораи мазкур аз 1 то 8-уми ноябр дар шаҳри Мински Беларус баргузор гардид.

Филми “Дар талоши ҳақиқат” аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шудааст, ки  дар бораи корнамоии як рӯзноманигор ҳикоят мекунад.

Бояд гуфт, ки ин филм чанде қабл мавриди баҳси коргардонҳо қарор гирифт. Аз ҷумла коргарони тоҷик Некрӯз Ҷалилиён бо нашри як вокуниш дар Фейсбук навишт, ки филми “Дар талоши ҳақиқат”-ро ӯ ба навор бардоштааст ва аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён - директори “Тоҷикфилм” филми мазкур зери сензура қарор гирифта, чандин қисматаш “бурида” шудааст.


Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ин нуктаро рад карда гуфта буд, ки дар филми “Дар талоши ҳақиқат” ҳеҷ гуна сензура вуҷуд надошт ва он ҷойҳое, ки “қайчӣ зада шуд”, ба хотири маҳдудияти вақт буд.

Ба гуфтаи ӯ, коргардон тибқи шартнома бояд дар ҳудуди 1 соату 20 дақиқа филми мазкурро таҳия мекард ва ҳамин вақт ба инобат гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми “Дар талоши ҳақиқат” рӯзи 26-уми январ дар Кохи Наврӯз баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.