Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Непал пирӯзӣ ба даст овард.
Ин бозӣ шоми рӯзи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт. Ду голи дастаи моро Алишер Ҷалилов ва ду голи дигарро Шервони Мабатшоев ба ҳадаф расонданд.
Бозии минбаъдаи худро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19 ноябр бо тими Афғонистон баргузор мекунад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки мутахассис аз Ӯзбекистон Усмон Тошев, ки қаблан дар тими миллии Тоҷикистон низ ифои вазифа карда буд, дар ин вохӯрӣ бори нахуст вазифаи сармураббӣ дар дастаи Афғонистор иҷро мекунад. Ӯ расман сармурабии тими Афғонистон таъин шуда, ба муддати 1 сол қарордод бастааст.
Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ба марҳилаи сеюми интихобӣ ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта натавонистанд. Аз ин рӯ, танҳо дар силсилаи мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 вохӯриҳои расмӣ мегузаронанд.
Ёдрас мекунем, ки дар Душанбе силсилаи бозиҳои дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Непал оғоз шуд. Ин дастаҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинанд.
Рӯзи 16 ноябр дар Душанбе бозии байни дастаҳои Непал ва Афғонистон ва рӯзи 19 ноябр - байни тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз мешаванд.