Бар асари ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмонӣ Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” се коргар ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти мақомот, ин ҳодиса ду рӯз пеш, 12-уми ноябр рух додааст.
Ба иттилои ин идора, ҷонбохтагон кормандони ширкати “Ҳокруд” мебошанд, ки дар НБО “Роғун” фаъолият доштанд. Кормандони ҳалокшуда 39, 40 ва 51 сол доштаанд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои ҳодиса маълум нашудаанд.
Намояндагони Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳи гуфтанд, ки гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи ҳодиса таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ҳодиса идома дорад. Хадамоти бехатарӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба ин фоҷиа фаъолият мекунанд.
“Мо номаи расмӣ дар бораи ҳодисаи рухдода гирифтем, баъд аз он гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд, ки ҳоло вазъиятро меомӯзад. Тафсилоти ҳодиса пас аз анҷоми тафтишот эълон хоҳад шуд”, - хабар доданд дар ин ниҳод.
Қайд кардан зарур аст, ки қаблан дар соли 2020 дар майдони сохтмонии НБО Роғун 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 3 коргар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Соли 2019 бошад, дар тамоми корхона ва сохтмонҳои зери назорати Хадамот 33 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 20 нафар ба ҳалокат расида, 25 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Сохтмони НБО Роғун – лоиҳаи азимтарин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа мебошад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ҳанӯз дар соли 1976 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад.
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, соли равон ба чанд кишвари дигар хатсайрҳои нав боз мекунад
Поёни баҳси даҳсола. "Tajik Air" ба ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва $2 млн пардохт мекунад
Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб то Рӯшон "як сол пеш аз муҳлат" ба истифода дода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи ҳуфта ва танбеҳи маъшуқ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста