Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии шаҳри Исфара хабар дод, ки барои гирифтани 40 ҳазор сомонӣ пора барои омода кардани билети ҳарбии носолимӣ гумонбар мешаванд.
Ин ниҳод аз онҳо Д.О.А., нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара, ки ҳудуди 14 сол дар ин вазифа кор мекард ва К.Ш.А., ёрдамчии сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ дар самти Ворухи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ном бурдааст.
Онҳо зимни “гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ” моҳи июли соли ҷорӣ вақте аз шахсе бо номи М.М. ду 20 ҳазор сомонӣ мегирифтанд, боздошт гардида, маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.
“...кирдори ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста аз он ки ваколати омода карда додани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М.-ро надоранд, давоми моҳҳои май ва июли соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара аз хешованди охирон дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 40 000 сомониро гирифтанд, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, далели шайъӣ - маблағи пулӣ аз онҳо ёфта гирифта шуд”, - навиштааст Оҷонсии зиддифасод.
Ҳоло нисбати ду нафар барои қаллобӣ бо миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б”) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонун аз 105 ҳазор то 157 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари боздоштшудаҳо ва наздикону вакилони дифои онҳо дастрас нест.
Боздошти ду корманди Коммиссариати ҳарбӣ дар ҳолест, ки дар кишвар маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ идома дорад.
Маълум нест, ки то ҳол дар тамоми кишвар нақшаи даъвати ҳарбӣ чанд дарсад иҷро шудааст.
То ҳол ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд хабар доданд.
Коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин мавсими даъват ҳам сарусадоҳое дар бораи “сарбозшикор” ё худ облава вуҷуд дошт ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар ин робита нигаронӣ карда буданд. Вале мақомот мегӯянд, баъди додани даъватнома агар ҷавонон ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомот ҳақ доранд, онҳоро зуран ба коммисариат биёранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста