Шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба артишро пурра иҷро кард ва масъулини вилояти Суғд мегӯянд, ки рӯзҳои наздик нақшаро комил иҷро хоҳанд кард. Аммо ҳуқуқшиносон “омил”-ҳои пурра кардани нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро дигаргуна шарҳ медиҳанд ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ҳамоно аз “сарбозшикор” шикоят доранд.
Дирӯз, 24-уми октябр, шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки дар пойтахт нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пеш аз муҳлат 100 дарсад иҷро гардид.
Масъулини вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нақшаи тирамоҳиро “қариб пурра” иҷро кардаанд.
“Рӯзҳои наздик аз пурра иҷро шудани нақшаи даъват дар вилояти Суғд хабар медиҳем”, - гуфтанд аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Қаблан, дар рӯзи сеюми даъват ба сафи артиш масъулини вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки нақша 80 дарсад иҷро шудааст.
Дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ ВМКБ, баъзе ноҳияҳои минтақаи Рашт ва вилояти Хатлон нақшаро пурра иҷро карда буданд.
Ҳоло маълум нест, ки нақшаи даъват дар тамоми кишвар чанд дарсад иҷро шудааст. Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.
Солҳои қаблӣ Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш иттилоъ медод, ки дар 10 рӯз, 20 рӯз ва 1 моҳ нақшаи даъват дар тамоми ҷумҳурӣ, инчунин дар ҳар як вилоят, чанд дарсад иҷро гардид. Аммо дар даъвати имсола сомонаи вазорат дар ин робита оморе интишор накардааст.
Чӣ гуна нақшаи даъват пурра мешавад?
Имсол ғайриинтизор нақшаи даъват дар Хатлон дар рӯзи аввал ва дар пойтахти кишвар дар моҳи аввал пурра иҷро шуд. Қаблан танҳо ВМКБ дар рӯзи нахустин нақшаи даъватро пурра иҷро мекард.
Мақомот иҷрои бармаҳали нақшаро ба “афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ” арзёбӣ мекунанд.
Дар вилояти Хатлон имсол таҷрибаи начандон навро истифода бурданд ва “пеш аз оғози даъват беш аз 3 ҳазор ҷавонро ба курсҳои ронандагӣ ҷалб карданд”. Ин ташаббусро яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ном мебаранд.
“Пеш аз маъракаи даъват ҷалби ҷавонон ба роҳ монда шудааст”
Коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.
Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки фаъолияташ ба ҳимояи аскарон равон шудааст, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ду сол инҷониб масъулин бар асоси моддаи 28-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ мондаанд.
“Яъне, пас аз анҷом ёфтани маъракаи даъват, то маъракаи даъвати дигарӣ масъулини Комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳӣ омӯзиши пешаздаъватӣ баргузор мекунанд. Аммо бояд ин кор дар асоси қарори раиси шаҳру ноҳияҳо гузаронида шавад, агар қарор ба имзо нарасад, ин ҳам ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад”, - шарҳ дод ҳуқуқшинос.
Ҳамасола шаҳрвандон ба “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” перомуни “сарбозшикор” шикоят мекарданд, аммо имсол дар ин робита шикояте ба ин ташкилот ворид нашудааст. Новобаста аз ин, ба гуфтаи Қурбоншоев, дар кишвар “облава” ҳамоно ба назар мерасад ва ин ҳам мумкин аст як сабаби пеш аз муҳлат пурра кардани нақшаи даъват гардад.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд ва мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ
Бояд гуфт, ки дар ин мавсими даъват ҳам сарусадоҳое дар бораи “сарбозшикор” ё худ облава вуҷуд дошт ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар ин робита нигаронӣ карда буданд.
Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 16-уми октябр дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” навишт, ки он рӯз “шоҳиди ошкоро одамдуздӣ дар пеши бозори “Деҳқон” шудем”.
“Оре, “облава”, ҳамчуноне ки чандин бор расман гуфтанд, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Пас он ҷинояте, ки дар кӯчаҳо аз ҷониби одамони номаълум сурат мегирад, дар Кодекси ҷиноӣ номи мушаххас дорад: одамдуздӣ! Ва муҷозоти сахт ҳам талаб мешавад. Албатта, агар прокуратура ном ниҳод кор кунад...”, - таъкид карда Раҷаб Мирзо.
Ӯ омори мақомоти зидахлро ба чолиш кашида, гуфт, ки “ё иттилои мақомот дӯрӯғ аст ё “плани нафс” буд нашудааст - чун мегӯянд, аз маъракаи “облава” одамоне даромади хуби пулӣ мебинанд”.
Бояд гуфт, ки маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста