Дар ин бора наздикону пайвандони ин донишманди тоҷик ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ҷанозаи марҳум имрӯз дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам пас аз адои намози ҷумъа баргузор мегардад.

Тоҷиддин Мардонӣ соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор дида ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Баъди анҷоми таҳсилоти ибтидоӣ дар зодгоҳи худ ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозир ДМТ) дохил мешавад ва онро соли 1972 ба поён мерасонад.

Баъди хатми донишгоҳ ҳудуди 20 сол дар бахшҳои гуногуни Академияи илмҳои кишвар фаъолият карда, дар ин миён чанд сол дар Яману Ироқ тарҷумони забони арабӣ будааст.

Тоҷиддин Мардонӣ беш аз 10 сол, аз соли 1992 то соли 2004 ҳамчун дипломат дар вазифаҳои мухталиф дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор карда, солҳои 1995-2001 дар Ӯзбекистон ва солҳои 2001-2004 дар Туркманистон сафири Тоҷикистон будааст.

Баъди анҷоми корҳои дипломатӣ ӯ дигарбора ба самти илм баргашта, солҳои дароз дар Академияи илмҳои кишвар кор кардааст.

Тоҷиддин Мардонӣ муаллифи чандин асар ва беш аз 200 мақола будааст. Асарҳои ӯ иборатанд аз “Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X”, “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ”, “Равобити адабии Арабу Аҷам”, “Шеъри арабии Ибни Сино”, “Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ”, “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”, “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам”, “Сухане дар бораи Абӯалӣ ибни Сино, тадқиқот ва тарҷумаҳо”, “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ” ва “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форс-тоҷики асрҳои XI-XII”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.