Дар Тоҷикистон дархостҳо барои гирифтани раводид (виза)-и Туркия аз 5 август дар Маркази дархости раводид қабул карда мешаванд. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар худи сафорат дигар дархост барои гирифтани раводид қабул намешавад.
“Барои дархости раводид аз қабл таъиноти вақт барои вохӯрӣ шарт нест, - зикр мекунад сафорат. - Дархостҳо барои раводидро метавонед дар давоми соатҳои кории муайяншуда пешниҳод намоед.
Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки барои санаи 5 августи соли 2024 ва баъдтар аз он таъиноти вақт барои вохӯрӣ доранд, метавонанд ба маркази дархости раводид бо ҳуҷҷатҳои омодакардаашон, бидуни таъиноти вақт барои вохӯрӣ аз санаи 5 августи соли 2024 муроҷиат намоянд”.
Рӯзҳои кории марказ: душанбе-ҷумъа
Соатҳои корӣ: 9:00-17:00
Суроға: Маркази тиҷоратии «Созидание», бинои Б, ошёнаи 2
Телефон барои тамос: 991 23 99 99.
Қаблан сафорати Туркия хабар дода буд, ки арзиши раводиди яккарата барои вуруд ба Туркия 60 доллар ва чандкарата - 190 доллар муқаррар шудааст.
Ёдрас мекунем, ки реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафарҳо ба Туркия аз 20 апрел ҷорӣ шуд. Пештар шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид метавонистанд ба Туркия ворид шаванд ва то 90 рӯз дар он ҷо бимонанд.
Дар посух Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Турки реҷаи раводид ҷорӣ кард.
Дар ин маводи мо доир ба масоили муҳим дар бораи гирифтани раводид барои сафар ба Туркия маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.