Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ дар ин робита дар бораи аз 1 апрел то 31 май дар шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қарор ба имзо расонид.
Дар қарор зикр мегардад, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда шуда, онҳо бо воситаҳои лозимӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин шаванд.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафарбар намудани 10 нафарӣ кормандони техникӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ вазифадор карда шудаанд.
Ҳамчунин ба гусели тантанавии даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, низ дастур дода шуд.