Мувофиқи тағйироти имрӯз қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», минбаъд ҳаҷми музди меҳнати раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистонро президенти мамлакат таъин мекунад.

Ба гуфтаи вакили палатаи поёнии парлумон Амрихудои Дамдор, то имрӯз ҳаҷми маоши раисони палатаҳои парлумонро худи вакилон муқаррар мекарданд.

Бино ба маълумотҳои дарёфтии «Азия-Плюс», айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (доимо амалкунанда) 5 ҳазор сомониро ташкил дода, тайи 5 соли ахир тағйир наёфтааст. Маоши раиси палатаи поёнии парлумон 11 ҳазор сомонӣ аст.

Шурӯъ аз соли 2000-ум парлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат аст. Палатаи поёнӣ - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд: 22 нафари онҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Палатаи болоӣ - Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 33 нафар аъзо дошта, 25 нафари онҳо аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд ва 8 аъзои боқимондаро президент таъин мекунад.

Айни замон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон - Шукурҷон Зуҳуров ва раиси палатаи болоӣ - Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошанд.