Сокинони вилояти Суғд бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода акнун метавонанд тариқи мессенҷери Viber дар робита шаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин робита хабар доданд, Viber бо рақами 92-649-77-77 ба қайд гирифта шуда, маълумоти ба ин рақам ирсолшуда бевосита ба раиси вилоят мерасад.
Дар хабари дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин робита қайд мешавад, ки раҳбарияти вилояти Суғд бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.
«Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро тариқи шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ба роҳбарияти вилоят ирсол намоянд», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта корбарӣ хоҳанд намуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.