Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагиҳои ҳарду кишвар дар сарҳади давлатиро ба имзо расонид.
Дар Созишномаи зикршуда ифтитоҳи 18 намояндагӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.
Муовини раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба вакилони мардумӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки Ӯзбекистон 11 намояндагӣ ва Тоҷикистон - 7 намояндагӣ боз мекунад.
Намояндагиҳо дар сарҳад бевосита дар маҳалҳо фавран баҳсу мухолифатҳои бамиёномадаро ҳаллу фасл месозанд.
Ғайр аз ин, вакилон имрӯз Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бораи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар соҳаи гумрук низ тасдиқ намуданд.
Дар Созишномаи мазкур табодули маълумот миёни ҷонибҳо ва маълумоти оморӣ байни мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.