Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни навбатии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе дар соли равон ва барои он ҷудо кардани 1 млн 445 ҳазор сомонӣ қарор ба имзо расонид.
Соли гузашта барои баргузории озмуни зикршуда дар пойтахт 564 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ба раисони ноҳияҳои пойтахт, муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ва кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр дастур дода шуд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҷӯӣ намоянд.
Ёдрас мекунем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон се сол инҷониб гузаронида мешавад.
Соли ҷорӣ ба баргузории ин озмун аз Фонди захиравии президенти ҷумҳурӣ 2 млн 835 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Соли аввали озмун ин маблағ ҳамагӣ 310 ҳазор сомонӣ ва соли 2020 - 1 млн 646 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Дар озмун хонандагони мактабу литсей, гимназия ва дигар намояндагони насли наврас иштирок карда метавонанд. Озмун дар якчанд марҳила дар сатҳи ҷамоат, шаҳру навоҳӣ ва вилояту ҷумҳурӣ доир мегардад.
Иштирокчиёни озмун бояд аз осори назму насри классикӣ ва муосири тоҷик, адабиёти бачагона, асарҳои намояндагони адабиёти ҷаҳонӣ огаҳӣ ва дониши хуб дошта бошанд.
Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа унвон мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.