Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон аз фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва хароҷоти зиёди аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ изҳори нигаронӣ кард.

“Моро лозим аст, ки фарҳанги истифолдаи телефонҳои мобилиро бознигарӣ кунем. Ба ин хурсанд шудан лозим нест, оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар”, - иброз дошт сарвари давлат.

Президент аз аҳолӣ даъват намуд, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки “телефону компютер бозичаҳояшонро иваз намудааст” эҳтиёт кунанд. “Мо бояд оқибатҳояшро фикр кунем”, - чунин мешуморад ӯ.

Сарвари давлат зикр кард, ки тайи 10 соли ахир аҳолии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардаст.

“Ин қариб 3 млрд доллар буда, маблағи кам нест. Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”, - гуфт ӯ.

Президент аз он дар ҳайрат аст, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон  ширкатҳои хоричиянд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Президент таъкид дошт, ки айни замон шумори муштариёни алоқаи мобилӣ зиёда аз 8 млн нафар ва шумори корбарони интернет - зиёда аз 4,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.