Дар маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 24 январ таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар оғози маҷлис ҳисоботи сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар шунида шуд.
Сипас вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода ҳисобот доданд.
Зикр шуд, ки дар соли 2023 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,8 млрд сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 млрд 720,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Вазирон аз чӣ ҳисобот доданд?
ММД ва сатҳи таваррум:
Дар соли 2023 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 130,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,3 фоиз таъмин карда шуд. Сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Буҷети давлатӣ:
Соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 43,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Саноат:
Соли 2023 дар кишвар 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Энергетика:
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2023-юм 11 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 15,8 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуда, ба 461 млн. кВт. соат зиёд гардиданиҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2022-юм мусоидат кард.
Бахши кишоварзӣ:
Соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 63 млрд. сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2022 ба 109 фоиз баробар гардид.
Гардиши савдо:
Соли 2023 ҳаҷми умумии гардиши савдо 56,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 13,4 фоиз зиёд аст.
Молия:
Дар соли 2023 ба кишвар ба маблағи 29,3 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 4,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида, 19 млрд. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 19,9 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 22,5 фоиз зиёд аст.
Андозҳо:
Дар соли 2023 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,8 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 млрд. 720,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла ВМКБ ба андозаи 104,8%, вилояти Хатлон 105,1%, вилояти Суғд 104,5%, шаҳри Душанбе 104,8% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,9% таъмин карда шуд.
Нақлиёт:
Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13 млрд. сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 121 млн тонна бор ва 899,3 млн нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 16,6 ва 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Маориф:
Шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар муқоиса ба соли 2022-юм 10 муассиса зиёд мебошад. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 ҳазору 111 маркази инкишофи кӯдак бо шумораи қариб 69 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар кишвар 3 ҳазору 991 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили қаблӣ 24 муассиса зиёд мебошад.
Тандурустӣ:
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,3 млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 26,9 фоиз зиёд мебошад.
Шуғл:
Дар соли 2023 дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 230 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Тоҷикистон кишвари индустриалӣ мешавад
Дар ҷаласа вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир суханронӣ кард. Ӯ зикр кард, ки соли 2023 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 4,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12,0 фоиз афзоиш ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ супориш дод.
Вазорати саноат ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус, дар самти коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ вазифадор шуд.
Ба Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Вазорати нақлиёт ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ баҳри суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, истифодаи васеи нақлиёти барқӣ ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ вазифадор шуд.
Дастурҳои дигар ба Вазорати нақлиёт оид ба азнавсозии парки воситаҳои ҳаракаткунандаи роҳи оҳан, харидории вагонҳои замонавии мусофирбар, аз ҷумла боркаш ва локомотивҳо дода шуд.
Гирифтани 3-4 ҳосил
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим, вазъи экологӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан, дар самти истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бо дарназардошти вазъи камборишию хушкии имсола яхобмонии саривақтӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани 3 - 4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои ғалладонагии репродуксияи баланд, инчунин, тухмиҳои ба иқлим мутобиқшуда ва парвариши навъҳои минтақабобгардидаи зироатҳои кишоварзӣ Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд.
Боз чӣ дастуру супоришҳо дода шуданд?
Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди хунармандию косибӣ вазифадор карда шуданд.