Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод ва барои вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур муовинони нав таъйин кард.

 

Муовинони нави вазорату кумитаҳо кистанд?

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Расулзода Абдуалим Нурулло сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон - муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъин гардид.

Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ озод шуд. Ба ҷои ӯ Шарифзода Фарангис Шариф ба ин мансаб таъин гардид.

Муртазозода Ораз муовини якум ва Шарифзода Лоҳутӣ Шариф муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ таъин карда шуд.

Каримзода Равшан Азам бошад, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ ба ҷои Абдулзода Зиёдулло Назар ба ин вазифа омад.

Қурбонов Бег Холович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал озод карда шуд.

Юсуфзода Фаррух Юсуф муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин карда шуд.

Назирзода Абдуҷаббори Савзаалӣ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.


 

Директори “Синамо” низ нав шуд

Бо қарори раиси ҳукумати кишвар бошад, Убайдулло Насрулло Каримзода аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шуд. Ба ҷои ӯ то ҳол касе таъйин нагардидааст.

Воҳидзода Умеда Сафарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» озод карда шуд. Ба ин вазифа Шарифзода Баҳром таъин гардид.

Набизода Набӣ Алигавҳар бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори телевизиони “Синамо” озод гардид. Директори нави “Синамо” Шодизода Муфарраҳ Ҳамро аст.

Азимӣ Дилрабо Амирқул роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират таъин шуд.

Муртазозода Аҳлуддин Қарахон муовини сардори Хадамоти алоқа таъин гардид. Солҳо дар ин вазифа Илҳомҷон Атоев кор мекард.


 

Ҷойивазкунии судяҳо

Бо фармони президенти Тоҷикистон Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ таъин гардид.

Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод гардида, раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин шуд.

Ғафориён Тоҳир Ваҳоб аз вазифаи судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин шуд.

Шамсуллозода Абдурашид Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, ба курсии муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе рафт.

Ҷумахонзода Рустам Ҷумахон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ озод шуда, судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин гардид.

Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакент озод гардида, судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин карда шуд.


Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул аз вазифаи судяи суди шаҳри Роштқалъаи ВМКБ озод гардида, судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин гардид.

Раҷабзода Муродҷон аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд шуд.

Гулзода Саймаҳмуд Сафаралӣ аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Мирзозода Неъмат Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шуд.

Аммо Сафарзода Акбарали Шулаш аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Турсунзода бо хоҳиши худаш озод карда шуд. Бояд гуфт, бо хоҳиши худ аз вазифа канор рафтани додрасҳо дар Тоҷикистон маъмул нест.

Ҳамин тавр, Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шуд. Ӯ як сарбозро латукӯб карда буд. Тафсилоти ин ҳодисаро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.