Тоҷикистон гузаргоҳи “Кокул”-ро дар марз бо Афғонистон муваққатан баст. Гузаргоҳ баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон, ки бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, баста шуд.

Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улугхоҷаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, сарфи назар аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни ҳаракати Толибон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, вазъ дар сарҳад босуботу бехавф аст.

“Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра зери назорат аст, - итминон дод ӯ. – Аз рӯйдодҳои он сӯи марз мо огаҳем. Итимнон дода метавонам, ки то имрӯз аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ гуна амалҳои иғвогарона нисбати Тоҷикистон сурат нагирифтааст”.

Номбурда таъкид дошт, ки ҳамчунин ҳеҷ гуна як кӯшиши ситезаҷӯёна ё ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад низ ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон шаш гузаргоҳи марзӣ амал намуда, панҷтои он имрӯз бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.