Муноқиша субҳи имрӯз, 18-уми декабр байни сокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва деҳаи Кӯк-Тоши Қирғизистон рух дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара хабар доданд.
“Субҳи имрӯз як гурӯҳ сокинони деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Ботканд 5 сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро латукӯб карданд, ки миёни онҳо хонадаи синфи 8 Умедҷон Сафаров ва имоми масҷиди деҳа Содиқбой Набиев низ буданд. Тоҷикистониён барои нигоҳ доштани ҳаракати сокинони деҳаи Кӯк-Тош баромаданд. Дар натиҷа байни онҳо сангпартоӣ оғоз шуд. Ин вақт марзбонони қирғиз ба типарронӣ шурӯъ карда, сарҳадбонони мо низ оташи ҷавобӣ кушоданд”, - хабар дод манбаъ.
Тибқи маълумоти Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, вазъи солимии захмишудагон Умедҷон Сафарови 14-сола, Асрорхон Асадзодаи 23-сола ва Содиқбой Набиеви 59-сола муътадил арзёбӣ шуда, боз 2 тан маҷруҳон дар дармонгоҳи маҳаллӣ кумаки тиббӣ гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ дар дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, гурӯҳҳои ҷудогона дар вилояти Ботканд бо амалҳои иғвогаронаи худ дидаву дониста вазъро муташанниҷ месозанд.
“Вақте комиссияи байниҳукуматӣ фаъол шуда, оид ба анҷоми корҳои таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳад гуфтушунидҳо ҷараён доранд, гурӯҳҳои ҷудогона ба амалҳои иғвоангез даст мезананд. Давоми 5 рӯз ин ҳодисаи аввал нест: рӯзи 14-уми декабр як гурӯҳ сокинони қитъаи Кӯк-Тоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд барқасдона шишаи тиреза ва рӯйпӯши шиферии мағоза ва нонвойхонаро дар маҳаллаи Сомониён, ҳамчунин шишаҳои автомашинаи шаҳрванди Тоҷикистонро шикастанд. Дирӯз, 17-уми декабр як зани сокини деҳаи Оқсойи Қирғизистон ду толибаи синфи 4-уми мактаби №24-ро таҳқир ва ба сӯяшон сангпароӣ кард, ки дар натиҷа яке аз онҳо – Басонат Каримова аз пояш ҷароҳат гирифт”, - қайд кард манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, айни замон вазъ ба эътидол омада, сарҳадбонон ва кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҳар ду ҷониб миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи аз силоҳи оташфишон захм гирифтани се шаҳрванди ин кишвар хабар медиҳад.
“Дар беморхонаи вилояти Ботканд айни замон хизматчии ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ҷарроҳӣ мешавад, ки аз тири силоҳи ташфишон захмӣ шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, вакили кенеши маҳаллии деҳаи Самарқандик низ аз силоҳи оташфишон ҷароҳат гирифтааст. Ғайр аз ин, боз 4 нафар, ки се хизматчии ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ва як шаҳрванди мулкӣ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд”,- иттилоъ медиҳад хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Муноқишаи охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр бо истифода аз силоҳ рух дод. Дар натиҷа се низомии Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ду ҷониб сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, боз 5 нафар сарбозу афсари Тоҷикистон ҷароҳат гирифта, Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 13 нафар захмишудагон хабар дод.
Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ зикр гардидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.