Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур 6-уми июли соли 2024 баргузор шуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати идома додани кор дар ин самт супориш додаанд.

Ҳамчунин, аз 1 то 6-уми июли соли 2024 дар ин шаҳр вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардидааст.

АМИТ "Ховар"

“Дар доираи мулоқот тарафҳо баррасии масъаларо идома дода, оид ба тавсифи хатти сарҳади давлатии  Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда табодули назар намуданд”,-менависад ин расона.

Ҷонибҳо корҳоро дар ин самт, дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди  Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.

Ҷуҳзъиёти дигари ин мулоқот ошкор нашудааст ва маълум нест, чанд километри дигар аз манотиқи баҳсбарангез дар марз таъйину мушаххас шудааст.

АМИТ "Ховар"

Мақомоти Тоҷикистон моҳи феврал гуфтанд, дар музокираҳои пайваста бо Қирғизистон дар соли 2023, аз 980 километри сарҳади ду тараф тахминан 90 % он мувофиқа шудааст. Аз ҷумла моҳи март гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон 10,76 километри дигари сарҳадро мушаххас кардаанд.

Номуайян мондани хати сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шудааст ва аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар озод тиҷорату равуо надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.