Зимни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Боку ба масъалаи имкони дубора барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кардааст, ки ба мавҷуд будани асоси хуби қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи паст қарор дошта, ба ин мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ монеа эҷод менамояд.

«Мавҷуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ, бешубҳа, ба бартараф кардани масъалаҳои баҳсталаб, афзоиши мубодилаи тиҷоративу иқтисодӣ, беҳтар гардидани алоқаҳои расмӣ ва ҷиҳати пурра ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд», - гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки бар асоси мавҷуд будани созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе - Боку - Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба будҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

«Бо назардошти мавҷуд будани имконоти васеъи ҳамлу нақли ҳавоии Озарбойҷон ва паркҳои зиёди ҳавопаймоҳо, ҷониби мо ба тарафи Озарбойҷон пешниҳод менамояд, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку - Душанбе - Бокуро аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии озарбойҷонӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад», - гуфтааст Шукурҷон Зуҳуров.