Тақвияти ҳамкории масъулини марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ бо хабарнигорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои роҳандозиву идомаи равобит аз муҳимтарин масоиле буд, ки зимни муаррифии Лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО” баррасӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур, ки бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” амалӣ мешавад, имрӯз, 25-уми июн, дар Дшанбе рӯнамоӣ шуд.

Зимни рӯнамоии Лоиҳа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои журналистӣ, намояндагони марказҳои матбуотӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Муҳимтарин нуктаи ин Лоиҳа, тавассути ташкили машғулиятҳои омӯзишӣ ва баргузории мизҳои гирд, ташреҳи муҳиммияти тақвияти ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон ва ба ин васила, пешниҳоди иттилои сареъ ва боэътимод ба ҷомеа зикр гардид.

Манижа Анварӣ, роҳбари иҷроияи Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳадафи асосии Лоиҳаро таъмини аҳолӣ бо ахбори саривақтиву боэътимод арзёбӣ кард.

“Ин ҳадаф воқеӣ ва амалишаванда аст, агар ҳамкории байни марказҳои матбуотӣ ва ВАО тақвият ёфта, меъёрҳои муосири фаъолият омӯзиш дода шаванд ва барои ҳамкории самаранок байни котибони матбуотии муассисаҳои давлатӣ ва рӯзноманигорон шароити мусоид фароҳам оварда шаванд”, - таъкид намуд Манижа Анварӣ.
Asia-Plus

Шоҳин Самадӣ, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар ин ақида аст, ки тақвияти ҳамкорӣ миёни кормандони марказҳои матбуотӣ ва рӯзноманигорон ба манфиати ҳарду ҷониб аст.

“Ҳамкории судманд миёни рӯзноманигорон ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои соҳавии ҳар як вазорату идораи давлатӣ мебошад. Ба ин роҳ, мо метавонем фаъолияти ниҳоди дахлдорро дар фазои итилоотӣ ба шакли лозима муаррифӣ намоем”, - изҳор дошт Самадӣ.

Ба таъкиди Раймундас Кароблис, сафири ИА дар Тоҷикистон, равобити хуби мақомоти давлатӣ ва расонаҳо барои ҳукумат ва кулли ҷомеаи Тоҷикистон судманд аст. Чун намуна, ӯ аз муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ёдовар шуд.

Asia-Plus

“Дар замони муноқиша мақомоти Қирғизистон нисбат ба ниҳодҳои Тоҷикистон бо расонаҳои хабарии хеш фаъолтар ҳамкорӣ мекард ва расонаҳои Қирғизистон даҳ маротиба бештар нисбат ба расонаҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуданд. Дар натиҷа, тафсири низоъ аз ҷониби расонаҳои Қирғизистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан ҳамчун далел пазируфта шуд ва ин ба манфиати Тоҷикистон набуд”, - гуфт сафир.

Ба қавли Баҳманёр Нодиров, директори редаксионии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, дар шароити имрӯза, хабаррасонии саривақтӣ ва босифат ба ҷомеа нақши калидӣ мебозад ва эътимоди мардумро ба вазорату идораҳои давлатӣ меафзояд. 

“Муассисаҳои давлатии мо бояд фаъолияташонро саривақтӣ ва ҷолибу нишонрас муаррифӣ кунанд. Дар шароити буҳронӣ ҳодисаву воқеаҳо бояд фаврӣ ва тариқи платформаҳои гуногун ба аҳолӣ шарҳу тавзеҳ дода шавад. Аммо ин то замоне ки марказҳои матбуотӣ фаъол нестанд ва бо ВАО ҳамкорӣ намекунанд, имконнопазир аст” – зикр намуд Баҳманёр Нодиров.

Ҳамин тавр, таъкид шуд, ки дар доираи ин Лоиҳа 6 мизи мудаввар ва 5 машғулияти омӯзишӣ-амалӣ бо иштироки мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорони ботаҷриба ташкил гардида, дар онҳо идомаи робитаи марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ бо расонаҳо ва тавассути он, бо ҷомеа баррасӣ шаванд ва дастоварду мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ин равобит, мавриди муҳокима қарор гиранд.

Ба иттилои ташкилкунандагон, мавзӯи ҳар як чорабинӣ бодиққат таҳия шуда, ҳама ҷанбаҳои муҳимми тақвияти кори марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳоро бо ВАО фаро гирифтаанд.

Дар умум, дар чорабиниҳои лоиҳа намояндагони 30 муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла 12 вазорат, 10 кумита, агентӣ ва хадамоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти интизомӣ, судӣ ва назоратӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва энергетикӣ иштирок мекунанд.

Ин чорабиниҳо аз моҳи июл то декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, аз натиҷаи он хулоса ва пешниҳодҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.