Полковники милитсия Тоҳир Баротзодаи 47-сола ба ҷои Шоҳрух Саидзодаи 37-сола, ки аввали моҳи июн сардори Раёсати ВКД дар Душанбе таъин шуд, ба курсии сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД нишаст. Ӯ кист, чӣ таҷриба дорад ва чӣ гуна ба ин мақом расид?
Полковник Баротзода то таъин шуданаш ба ин мақом, муовини аввари сардори ин раёсат буд.
Ба навиштаи сомонаи ВКД ӯ дорои ду маълумот - иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ аст. Маълум нест, ки маълумотро дар Тоҷикистон гирифтаст ё дар хориҷи кишвар.
Ҳамчунин, гуфта намешавад, ки ӯ аз кадом сол дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад.
Танҳо ишора мешавад, ки Баротзода корро дар раёсате, ки имрӯз роҳбарӣ мекунад ба ҳайси ваколатдори оперативӣ оғоз карда, давра ба давра то ба сатҳи роҳбарӣ расидааст.
Ӯ дар давраҳои гуногун ҳамчун ваколатдори калони оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили обрӯю эътибор ва ахлоқи шахсияти Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кор кардааст.
Баротзода ҳамчунин, чанд сол муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор низ будааст.
Баъдан дубора ба Раёсат бармегардад ва ин бор ҳамчун сардори шуъбаи кушодани ҷиноятҳои муқобили моликияти ин ниҳод, баъдан, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД таъин мешавад.
Ӯ соли 2018 ба ҳайси сардори шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва баъдан, муовини аввали Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кор мекунад.
Баъди барканории Шоҳрух Саидзода ва таъини ӯ ба ҳайси сардори милитсияи пойтахт ӯ сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД интихоб мешавад.
Гуфта мешавад, ки ӯ “барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва нишон додани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, аз ҷумла “Аълочии милитсия” ва “Корманди беҳтарини оперативӣ” қадрдонӣ гардидааст”.
Шоҳрух Саидзода баъди 7 соли роҳбарӣ дар Раёсати кофтукови ҷиноӣ ба ҷои Бароталӣ Ҳамидзода, сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд.
Ӯ аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, рутбаи генерал-майори милитсия дорад ва дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовин ва аз соли 2017 то 2024 сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд.
Шоҳрух Саидзода ҳамчунин, президенти дастаи футболи “Истиқлол” аст ва яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста