Нисбати ронандагони дағалгуфтор аз тарафи мақомоти пулиси Тоҷикистон ҳамарӯза ҷазоҳои маъмурӣ  дар намуди ҳабси пешакӣ ба мӯҳлати то 10 рӯз, ҷаримабандӣ ва аз кор озод кардан  амалӣ мешавад. Аммо муносибати дағал байни ронандагони нақлиёти мусофирбари пойтахт кам нашудааст. Чаро?

Ҳар ҳафта хабарҳо дар бораи боздошту муҷозот шудани ронандагони дағалгуфтор  нашр мешаванд, аммо ин ҳама ҷораҷӯиҳои мақомот садди роҳи мушкил намегардад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видиоҳое, пайдо мешаванд, ки муносибати бад ва дағалгуфтории ронандагонро нишон медиҳад. Баъди санҷиши масъулин нисбати ронандагон ҷазои интизомӣ дар намуди ҳабси пешакӣ ба муҳлати аз 3 то 10 рӯз, инчунин бастани ҷарима андешида мешавад.

Ронандагоне, ки барои дағалгуфторӣ ва задани мусофир ҷазо гирифтанд

Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда Маъмур Юлдошев, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес ‑ спринтер”, мебошад, ба хотири дағалгуфторӣ ва риоя накардани талаботи мусофиркашонӣ аз ҷониби пулиси пойтахт дастгир карда шудааст.

Ӯ рӯзи 8-уми майи замони фаъолияти мусофиркашонӣ бо шаҳрвандон дағалона муносибат карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст ва ҳамчунин расман дар КВД “Автобус‑3” ҳамчун ронандаи мусофирбар ба қайд гирифта нашудааст.  Нисбати номбурда тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протакол тартиб дода шуда, ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Ҳолати дигар рӯзи 18-уми апрел, баъди пахши наворе дар сомонаҳои иҷтимоӣ, Қомилҷон Тошпӯлотов, ки дар хатсайри рақами 35 ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул буд, боздошт шуд. Ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз маҳрумият аз озодӣ гирифта ва аз ҷониби ширкати ҶДММ «Беҳрӯз-15» шартномаи ҳамкорӣ нисбаташ қатъ гардидааст.

Дар баробари дағалгуфторӣ ва муносибати дурушт, байни ронандагон ҳамчунин ҳолати ҳамла ва задани мусофирон низ дида мешавад. Қаблан Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси рақами 47, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд дар асоси моддаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, аз кор озод карданд.


Номбурда суръати ҳаракатро баланд карда, якбора нақлиётро нигоҳ медорад, ки дар натиҷа, чанд нафар мусофир аз по меафтанд ва яке аз мусофирон аз ӯ хоҳиш мекунад, ки суръати автобусро паст кунад, аммо ронанда дағалгуфторӣ карда, ба ӯ ҳамла менамояд.

Ин чанд мисоле аст, ки давоми соли ҷорӣ иттифоқ афтодааст. Ҳоло сатҳи дағалгуфторӣ байни ронандагони нақлиёти иҷтимоӣ зиёд аст, ки қисме аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд ва ҷазо мегиранд.

Мақомот чӣ мегӯянд?

Аз роҳбарияти МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия ‑ Плюс” иттилоъ доданд, ки дар асоси шикояти аҳолӣ дар давоми соли 2023 ва 5 моҳи соли 2024 доир ба риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, одоби муошират 60 ронандаи нақлиёти истифодаи умуми пойтахт ҷазои интизомӣ гирифтаанд.

“Бо 17  нафар ронанда  шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбарии пойтахт якҷониба қатъ гардида, нисбати 43 нафар ронандагон ҷазои интизомӣ дар нумуди боз доштан аз фаъолияти мусофирбарӣ дар хати сайр ба муҳлати аз 3 то 10 рӯз, инчунин дигар ҷазоҳои интизомӣ андешида шудааст”, ‑ гуфтанд аз мақомоти масъул.

Аммо дар пайи ин ҷораҷӯиҳо сатҳи дағалгуфторӣ ва муоширати пасти ронандагон бо мусофирон кам нагардидааст ва ба ронандагони дигар таъсир нарасонидааст.

“Вақте ки асабӣ мешавӣ дар зеҳнат на қонун меояду на ҷазо”

Ронандагони нақлиёти мусофирбар мегӯянд, ки тамбашавии роҳҳо, надодани маблағи роҳкиро аз тарафи мусофирон, сар задани нофаҳмиҳо миёни мусофир ва ронанда, боиси асабонӣ шудани ронандагон ва мусофирон мегардад. Маъмулан сабаби ҷангҷол миёни ронанда ва мусофир ин аз меъёр зиёд савор кардани одамон аст.

Шерзод солҳост ба мусофиркашонӣ машғул аст, дар сӯҳбат гуфт, ки видиоҳои боздошту ҷазо гирифтани бархе ронандагони дағалгуфторро тамошо мекунад. Ӯ илова намуд, ки сабаби ибрат нагирифтани дигар ронандагон дар он аст, ки онҳо бар эҳсоси худ ғолиб шуда наметавонанд.

Акси марбута

“Мардуми мо тез асабонӣ мешаванд, эҳсоси худро ба даст гирифта наметавонанд. Замоне, ки асабӣ мешаванд дар пеши назари онҳо на қонун меояду на боздошту ҷаримабандии ронандагон”, ‑ иброз намуд ӯ.

Ӯ дар идома гуфт, ки сабаби ислоҳ нашудани ронандаҳои дигар дар он аст, ки онҳо маълумоти кофии ҳуқуқӣ надоранд.

“Одами пурсабру тоқат ронандаи нақлиёти иҷтимоӣ мешавад”

Акмал ронандаи дигар, ки солҳост дар хатсайри рақами 25 ба ронандагӣ машғул аст, дар сӯҳбат гуфт, ки як нафар аз шиносҳояш дар ҳолати асабӣ будан бо мусофир бадгуфторӣ намудааст, ки аз ҷониби мақомот боздошт ва ҷазо гирифтааст. Акмал мегӯяд, ки ӯ ва дӯстонаш дар хатсайр баъди ин иттифоқ ба гуфтори худ аҳамият медиҳанд то ба сарнавишти ҳамкорашон дучор наоянд.

“Аз соли 2001 ба одамкашонӣ машғул ҳастам. Одами пурсабру тоқат метавонад ронандаи нақлиёт шавад, чунки дар ин кор асабвайроншавӣ бештар мешавад. Байни ронандагони хатсайри мо дар як моҳ як маротиба дарси одоби муошират ва муносибат мегузаронанд, ки ба манфиати кор аст”, ‑ гуфт ӯ.

Дар идома илова намуд, ки пойгаҳи ронандагон, бо телефон баланд сӯҳбат кардан, баланд гузоштани мусиқӣ, муомилаи бади ронандагон боиси норизогии мусофирон мегардад.

Сайфулло 23 сол мешавад, ки дар пойтахт ба ронандагӣ машғул аст. Ӯ гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо нофаҳмиҳо аз тарафи  мусофирон сар мешавад.

“Баъзе мусофирон мегӯянд, ки ту оҳиста меронӣ. Мо ҷавон нестем акнун, бо суръати баланд ронандагӣ намекунем. Ман кӯшиш мекунам, ки ба суханҳои мусофирон аҳамият надиҳам, асабамро контрол мекунам, гапи шумо ҳақ аст мегӯям”, ‑ гуфт Сайфулло.

Ӯ илова кард, ки аз меъёр зиёд савор кардани одамон ва бо суръати баланд ҳаракат кардани баъзе ронандагон боиси нороҳатии мусофирон мегардад.

“Худашонро шоҳу табъашонро вазир мегиранд”

Меҳрангези Диловар донишҷӯ аст ва ҳамарӯза тариқи нақлиёти умум ба донишгоҳ меравад. Ӯ дар сӯҳбат гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо муносибати дағал ва бадрафторӣ аз тарафи ронандагон сар мезанад.

“Ронандагон агар як ҳамкорашон аз хатсайр ба онҳо наздик шавад, пойгаро сар мекунанд, бар замми ин дар маконе, ки мусофир хоҳиш менамояд, ки манъ кунад намеистанд. Аммо дар ҷойи ба қавли онҳо номувоффиқ истода мусофир мегиранд. Ба қавле худашонро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд”, ‑ мегӯяд донишҷӯдухтар.

Ӯ иброз намуд, ки дар бештари мавридҳо надодани бақияи маблағи мусофирон онҳоро нороҳат мекунад, “агар се сомонӣ диҳӣ маҷбурӣ барои гирифтани 50 дирам чанд маротиба ба пулчинак муроҷиат кунӣ”.

“Ба ахлоқи ронандагон таъсир расонидан мушкил аст!”

Маҳмуд Кабирӣ равоншиноси тоҷик мегӯяд, ки ронандае, ки ҷаримабандӣ мешавад, ҷазо мегирад ислоҳ мешавад аммо ба дигарон таъсир расонидан мушкил аст, чунки масъалаи муносибатҳои гуфтугиӣ ин ба ахлоқи инсон вобаста аст.

“Дар телевизион на фақат аз боздошту ҷаримабандӣ хабар диҳанд, балки барномаҳое, ки сатҳи маълумотнокии инсонро баланд мекунад, зиёд карда шавад. Манфиати қонун зиёд аст, дар баробари ин корҳои фаҳмондадиҳӣ, дастрасӣ ба китобу дастурамалҳои марбут ба равони инсон низ кӯмак мерасонад”, ‑ зикр намуд ӯ.

Равоншиноси тоҷик гуфт, ки инсон давоми рӯз ба ҳиссиёт дода мешавад, дар худ ин эҳсоси баландро ҳифз мекунад ва давоми рӯз дар роҳ, ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хона новобаста аз хоҳиш нисбати нафари муқобил онро холӣ мекунад.

“Баъзан дар наворҳо мебинем, ки баъди ором шудани ронанда аз эҳсосу хашму ғазаби ӯ чизе намондааст, чунки қувваи манфии даруни худро холӣ кардааст”, ‑ иброз намуд равоншинос.

Ӯ таъкид намуд, ки аксари нафароне, ки муносибати дурушт мекунанд, қоидаҳои гуфтугӯиро риоя намекунанд ба ягон намуди бемориҳои эҳсосӣ мубтало ҳастанд.

“Ронанда вақте қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунад, ронандагони дигар нақлиётҳо ба ҳаракати ӯ монеа мешаванд, мусофир норозигӣ баён мекунад, ягон кораш нобарор мешавад, ки дар ин ҳолат дар майнаи сари ӯ ҳисси нокифоятӣ пайдо мегардад, ки дар натиҷа асабониву хашмгин мешавад”, ‑ гуфт равоншинос.

Мутахасиси равон мегӯяд, ки ҳар шахсе ҳис мекунад, ки асабҳояш мушкил доранд ба равоншинос муроҷиат кунанд ва давраи дармонро гузаранд.

Аммо бо ин ҳама, дар баробари ҷораҷӯиҳои мақомот ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ мушкили муносибати дағал ва бархӯрди тунди ронандагони нақлиёти мусофирбари пойтахт яке аз масъалаҳои доғ дар ҷомеа боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.