Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар нишасти Вена, ки бо иштироки теъдоде аз мухолифони Толибон* баргузор мегардад, боз ҳам баргузории интихобот дар Афғонистонро таъкид карда, гуфтааст, ки “агар мардум Толибонро ҳам интихоб кунанд, мо таслими иродаи мардум мешавем”.
Ӯ афзудааст, ки “мо ва шумо бояд ба ҷои мардум тасмим нагирем”.
Аҳмад Масъуд Толибонро як мафкураи истихборотӣ унвон карда, гуфтааст, ки “мутааллиқ донистани ин гурӯҳ ба як қавм, забон, дин ва фарҳанги мардум ҷафои бузург аст”.
“Имрӯз, мутаассифона, озодии тамоми шаҳрвандони Афғонистон, новобаста ба қавм ва забон, аз онҳо гирифта шудааст”, - таъкид кардааст Аҳмад Масъуд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддао кардааст, ки дар ибтидои рӯи кор омадан Толибон ҳозир буданд, ки бо онҳо гуфтугӯ кунанд.
“Аммо мо қавм, Панҷшер ва хонаводаамонро фидои Афғонистон кардем”, - афзудааст Аҳмад Масъуд.
Нишасти чаҳорумини Вена бо ҳузури мухолифони Толибон дирӯз оғоз гардид ва то пагоҳ идома мекунад.
Ба навиштаи рӯзномаи “8-и субҳ”, нишасти имсола дар Австрия бо ҳузури 70 нафар аз 40 созмон ва гурӯҳҳои сиёсӣ, низомӣ ва маданӣ, шахсиятҳои мустақили сиёсиву фарҳангӣ ва рӯзноманигорон баргузор мегардад.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Додфар Спанто, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири амнияти миллӣ ва Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон аз ширкаткунандагони аршади ин нишаст ҳастанд.
Аммо намояндаи Толибон дар ин нишаст ҳузур надоштааст.
Дар ин нишаст қарор аст, масъалаҳои мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон, робитаҳои байналмиллалӣ ва паёмадҳои минтақаӣ, ҳуқуқи башар ва нақшаи роҳи иқтисодӣ барои оянда, ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами дигар перомуни Афғонистон баррасӣ гарданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
ФИФА хариди футболбози навро ба дастаи “Равшан” манъ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста