Агентии зиддифасоди Тоҷикистон директори пешини ҶДММ “Гардуна”-ро бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани беш аз 80 нафар боздошт карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, Рустамов Т.А. дар вазифаи директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” фаъолият намуда, бо роҳбарияти генералии ин ҷамъият бо “маслиҳати пешакӣ” 82 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додаанд.

Аз шариконаш директори генералӣ Арабов Б.Г., сармуҳосиб Хушқадамова Т.М. ва шаҳрванди Чехия Васлав С. ном бурда шудааст.

“...аз шаҳрвандон барои дар Чехия бо ҷои кор таъмин намудан дар умум 98 500 сомонӣ ва 50 430 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд”, - менависад Агентии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ҳоло нисбати Рустамов Т.А. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Аммо перомуни дигар “шариконаш” иттилое дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.