Соати 10-и имрӯз ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» баъди 25 соли таваққуф аз фурудгоҳи Душанбе ба самти пойтахти Ӯзбекистон -  шаҳри Тошканд роҳ пеш мегирад. Ин парвози техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ хоҳад шуд.

Мусофирони ин ҳавопаймо асосан ҳайати сохторҳои авиатсионии Тоҷикистону буда, онҳо дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои расмиёти ифтитоҳи хатсайри мунтазам миёни пойтахтҳои ҳарду кишвар машғул мешаванд.

«Раҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи хатсайр бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» гуфтушунид карданист», - хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд аз 20 феврал дар назар аст. Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе - соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст. Парвози фардо (11 феврал)-и бозпас аз Тошканд бинобар гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии кишварҳо соати 18:00 бо вақти Душанбе анҷом дода мешавад.

Бо ин ҳавопаймо намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла хабарнигори «Азия-Плюс» низ ба Тошканд сафар мекунанд. Барои журналистон дар Тошканд барномаи сайругашт (экскурсия) дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши билет ба як самт бо назардошти боҷҳо аз 1 ҳазор 164 сомонӣ (140 доллар) сар мешавад. Ширкат парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистонро то охири мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе  ва дар мавсими тобистон ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монданист.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки директори генералии ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Валерий Тян низ қаблан ба ВАО-и кишвараш гуфта буд, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон барқарор шуда, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳу коркард ва барои баимзорасӣ омода аст.