Дар таърихи 14 апрел, пеш аз парвози ҳавопаймои Боинг 737-900 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд дудолудшавии дохили ҳавопаймо зоҳир гардид.
Дар изҳороти расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита гуфта мшавад, сабаби дудолудшавӣ воситаи шустушӯй гаштааст, ки ҳангоми иҷрои корҳои нақшавӣ, дар ҳолати қабл аз парвоз тоза кардани муҳаррик истифода шуда буд.
«Дар доираи гузаронидани тафтишот муайян гашт, ки омехтаи боқимондаи маҳсулоти тозакунӣ тавассути муҳаррик ба системаи гарму хунуккунии ҳавои дохили ҳавопаймо ворид гаштааст, ки боиси дудолудшавӣ ва бӯй дар дохили ҳавопаймо ва кабинаи ҳавонавардон шуд», - омадааст дар изҳорот.
Қайд мешавад, ки дар натиҷа сарҳавонаварди ҳавопаймо мувофиқи дастурамал қарори дахлдор қабул кард ба таваққуфгоҳ баргардад ва фавран оиди ин ҳодиса гурӯҳи роҳбаладонро огоҳ намуд. Роҳбаладон дар навбати худ мувофиқи дастурамал бо мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, эълон карданд, ки ҳавопаймо ба таваққуфгоҳ бармегардад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи мусофирон чанд соат пас тавассути дигар ҳавопаймои ширкат ба Хуҷанд интиқол дода шуданд. Ҳайати парвозии ширкати ҳавопаймоӣ корҳоро мувофиқи стандартҳои пешбинишуда иҷро карданд. Ҳайати техникии ширкат, ҳавопаймои Боинг 737-900-ро тафтиш намуда, дуд ва бӯйро ошкор накарданд. Ҳавопаймо рӯзи дигар парвозро идома дод.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд (14 апрел) узр пурсида, барои ҳамдигарфаҳмӣ миннатдории худро иброз медорад.