Додгоҳ сокини шаҳри Твер Салоҳиддин Ашӯровро дар 14 ҳолати бақайдгузории қалбакии шаҳрвандони Русия гунаҳкор эътироф намуд. Ба иттилои хабаргузории “РИА Новости” бо истинод ба маводи парванда, миёни онҳо бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ҳузур доранд, ки мақомоти тафтишот онҳоро ҳаммаслакони амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” мешуморад.
Салоҳиддин Ашӯров бо айби бақайдгузории қалбакӣ моҳи апрели соли 2023 ба ҳабс гирифта шуд.
Гуфта мешавад, Аминҷон ва Диловар Исломоовҳо аз 25 марти соли 2024 дар ҳабс қарор доранд.
Нахуст онҳо тибқи моддаи амали террористӣ айбдор карда шуда, моҳи сентябр ба онҳо айбномаи ҳаммаслакӣ ба содир гардидани амали террористӣ пешниҳод шуд. Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо ба иҷрокунандагони амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” хона ва автомашина додаанд.
Амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” 22 марти соли 2024 рух дода, бар асари он 145 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Хадамоти федералии амният (ФСБ) хабар дода буд, ки ба амали террористӣ гурӯҳи “Вилояти Хуросон” даст дорад. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи 27 нафари ба парванда дастдошта изҳори назар карда буд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.