Вазири фарҳанг дар робита ба матлаби хабаргузории "CNN", ки дар он Абӯалӣ ибни Сино олими "ӯзбек" муаррифӣ шуд, посух дод ва онро “таҳрифи воқеият” номид.

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар зимни нишасти матбуотии имрӯз дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, “ба ин матлаб бояд бо риояи меъёрҳои дипломатӣ ва қотеъона посух дода шавад”.

“Бидуни ба инобат гирифтани сарчашмаҳои таърихӣ нобиғагони илму адаби тоҷик ва мероси адабии миллати моро ба миллати дигар мутааллиқ медонад, ки мутассифона хеле баҳсбарангез аст", - гуфт вазири фарҳанг.

Ӯ афзуд, бовар дорад, ки олимону донишмандони тоҷик дар ин росто бо далелҳои раднопазир ба "ғосибони фарҳангу адабиёти миллӣ" посухҳои шоиста хоҳанд дод.

акс аз "Asia-Plus"

Матлубахон Сатториён таъкид кард, “ин тавҳин танҳо ба таърих ва фарҳанги тоҷик не, балки ба ҳавзаи оламшумули адаби форсӣ низ ҳаст ва итминон дорам, ки аз ҷониби олимону муаррихони кишварҳое, ки шомили ҳавзаи адаби форсӣ ҳастанд, ҳатман вокуниш хоҳад шуд”.

Ҳамчунин, гуфт, ки ин “изҳороти расмии кишвари ҳамсоя набуда”, матлаби як хабаргузорист, ки асоси заминавӣ надорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳафтаи гузашта "CNN" Абӯалӣ Ибни Сино, олими барҷастаи тоҷикро ӯзбек муаррифӣ кард ва ин миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро дар пай овард. Ҷомеа хостори посухи Вазорати фарҳанг ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуда буданд.

 

“Нардбозӣ” ва “Тоқӣ” ба UNESCO ворид мешавад

Вазири фарҳанги кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Тоҷикистон мехоҳад номинатсияҳои “Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ”, афсонаҳои “Ҳазору як шаб” ва “Нардбозӣ” ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ, инчунин номинатсияи “Тоқӣ”-ро ба феҳристи ғайримоддӣ UNESCO ворид кунад.

Матлубахон Сатториён гуфт, ҳоло аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил шуда истодааст.

Абдуфаттоҳ Аминов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти вазорат ба "Азия-Плюс" шарҳ дод, ки номинаи "Тоқӣ" дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба феҳристи ғайримоддӣ UNESCO пешниҳод шудааст.

"Ҳар кишвар намунаҳои тоқии худро пешниҳод мекунад. Аз Тоҷикистон мо ҳама намудҳои тоқии мардуми тоҷикро пешниҳод хоҳем кард", - гуфт Аминов.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии UNESCO ворид гардида буданд.

Соле пеш дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО се номина аз Тоҷикистон-Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда буданд.

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй  зикр шудааст.

 

Нозим Меликов дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ мешавад

Матлубахон Сатториён ҳамчунин дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки Нозим Меликов, коргардони шинохтаи тоҷик, ки чанд сол боз бемор аст, дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ мешавад.

Ба гуфтаи вазир, ин масъаларо бо Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба миён гузоштааст.

“Ҳоло дар назар аст, ки табибони ҷарроҳи эронӣ ба Душанбе омада, ҳамин ҷо Нозим Меликовро ҷарроҳӣ кунанд. Ба зудӣ хабар мерасад”, - гуфт Сатториён.

Қаблан Матлубахон Сатториён ба дидори коргардони номвар Нозим Меликов рафта, бори дигар ваъда дода буд, ки барои табобати бемориаш мусоидат мекунад.

Нозим Меликов
акс аз "Asia-Plus"

Вазорати тандурустӣ низ иттилоъ дода буд, ки ба коргардон маблағи роҳпулии сафар ҷудо кардааст. Вале гуфта мешуд, то ба ҳол маблағи табобати Нозим Меликов, ки 27 ҳазор доллар аст, пайдо нашудааст.

Нозим Меликов соли 2010 ба бемории паркинсон гирифтор шуд ва аз он вақт ба ин сӯ табобат мегираду доруҳои гаронарзиши таскинбахш мехӯрад. Паркинсон бемории мағзи сар аст, ки фаъолияти ҷисмониро суст мекунад ва боиси ихтилоли равонӣ ва ларзиши бадан мегардад. Табибони тоҷик гуфтаанд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон табобат намешавад.

Дар Эрон, Қазоқистон ва Туркия ба бемории паркинсон то 80 дарсад даво мебахшанд. Нархи гузаронидани ҷарроҳӣ аз 15 то 27 ҳазор доллар аст.

Бояд гуфт, ки рӯзноманигори “Азия-Плюс” қариб як сол пеш ба дидори коргардони номвари тоҷик Нозим Меликов рафта, перомуни рӯзгори имрӯза ва бемориаш гуфтугӯ карда буд, ки дар ин пайванд мутолиа карда метавонед.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати фарҳанг нахустин шуда нишастҳои матбуотиро оғоз кард ва то 14-уми феврал идома хоҳад ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.