Нозим Мелик, ҳунарманди шинохта ва коргардони номвари тоҷик, 14 сол инҷониб гирифтори бемории паркинсон мебошад ва ҳоло бемориаш беш аз пеш хуруҷ кардааст. Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ваъда доданд, ки ба ҳунарманд ёрӣ мерасонанд.
Чанд рӯз инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи ёрӣ ва дастгирии ҳунарманду коргардони номвари тоҷик Нозим Мелик идома дорад. Пайвандону шогирдони ӯ бо нашри навор аз сокинони кишвар ва ҳаводорони санъати театр мехоҳанд, ки барои ҷарроҳӣ ёрӣ расонанд:
корти Dushanbe City +992 988 19 59 73 ва 9762 0001 1313 5320.
“Азия-Плюс” ин масъаларо пайгирӣ кард.
Беморие, ки бо 27 ҳазор доллар табобат мешавад
Ба қавли Нозим Мелик, ӯ соли 2010 ба ин беморӣ гирифтор шуд ва аз он вақт ба ин сӯ табобат мегираду доруҳои гаронарзиши таскинбахш мехӯрад.
Мавсуф дар ин муддат дар Бемористони “Шифобахш” (маъруф ба Қарияи Боло) ва Маркази саломатии шаҳрии №3 табобат гирифтаву бистарӣ будааст.
Паркинсон бемории мағзи сар аст, ки фаъолияти ҷисмониро суст мекунад ва боиси ихтилоли равонӣ ва ларзиши бадан мегардад. Табибони тоҷик гуфтаанд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон табобат намешавад, вале дар хориҷа имкони шифо ҳаст.
Нозим Мелик соли 2013 ба Эрон рафт ва дар бемористонҳои маъруфи Теҳрон муддате муолиҷа гирифт. Аммо ин беморӣ на бо роҳи муолиҷа, балки бо роҳи ҷарроҳӣ шифо меёбад.
Дар Эрон, Қазоқистон ва Туркия ба бемории паркинсон то 80 дарсад даво мебахшанд. Нархи гузаронидани ҷарроҳӣ аз 15 то 27 ҳазор доллар аст.
Вазорати фарҳанг ваъда дод, ки ёрӣ мерасонад
Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз бемории ҳунарманду коргардони номвари тоҷик Нозим Меликов хабар доранд ва “дар доираи имкониятҳои вазорат” ба мавсуф ёрӣ мерасонанд.
Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг, гуфт, ки “мо аз бемории Нозим Мелик хабар доштем, вале фикр намекардем, ки дарди ҳунарманд то ин ҳад хуруҷ карда бошад, ки ба мардум муроҷиат кунад”.
Ӯ гуфт, ки Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишварро дар ҷараён мегузорад ва “ин масъаларо дар ҷаласаи вазорат баррасӣ мекунанд”.
“Вазорати фарҳанг дар доираи имкониятҳо чораҷӯӣ карда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш мекунем, ки ба Нозим Мелик ёрӣ расонем”, - гуфт муовини аввали вазири фарҳанг.
Обид Назариён таъкид кард, ки “пас аз бо вазир баррасӣ кардан, дар ин кор сар аз мактуб то дигар ҳуҷҷатгузориҳояш, худам машғул мешавам ва ҳар чӣ ёрие, ки дар доираи имкониятҳои вазорат ҳаст, мерасонем”.
Ғайр аз ин, Мирзолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ки масъулияти театрҳои кишварро бар зимма дорад, зимни тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” ваъда дод, ки “ин масъаларо пайгирӣ мекунем ва ёрӣ мерасонем”.
Мо натавонистем, ки дар ин масъала назари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бигирем, зеро ба зангҳои паёпайи мо аз маркази матбуоти ин ниҳод посух надоданд.
“Идеяҳои зиёд дорам ва орзу дорам амалӣ созам”
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” ба дидори Нозим Мелик рафт ва перомуни рӯзгори имрӯзааш гуфтугӯ кард. Ӯ коргардони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аст ва мегӯяд, ки ҳафтае як то ду маротиба ба коргоҳаш рафта меояд.
“То ҳадди имкон ба театр меравам ва аз ҳоли бачаҳо хабар мегирам. Дар тамринҳояшон ширкат мекунам ва барои пурра кардани намоишнома маслиҳат медиҳам. Аммо бисёр истода наметавонам ва зуд ба хона бармегардам”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи худаш, бештари вақт дар хона менишинад ва аслан ба мутолиа машғул мешавад. Коргардон мегӯяд, ки ҳар лаҳза идеяҳои тоза ба сараш меоянд ва мехоҳад, ки чӣ дар синамо ва чӣ дар театр онҳоро амалӣ созад.
Нозим Мелик мегӯяд, ки як сол пеш аз хуруҷи беморӣ, соли 2009 рӯй ба коргардонӣ овард ва ҳар намоишномаи муваффақе рӯи саҳна овард, дар раванди бемориаш таҳия кардааст.
“Аз охирин намоишномаи дар театр гузоштаам аз 1 сол беш вақт гузашт, ҳоло идеяи чанд намоишномаи дигар дар фикрам пухтааст, вале саломатӣ имкон намедиҳад, ки онро рӯи саҳна оварам”, - иброз медорад коргардон.
Ба қавли Нозим Мелик, дар соли 2010 кам азияташ медод ва бовар дошт, ки бо он мубориза бурда метавонад, вале дар ин муддат бемориаш беш аз 50 дарсад зиёд шуд ва кунун сахт азияташ медиҳад.
Дар шинохти Нозим Меликов
Нозим Мелик парвардаи мактаби Фаррух Қосим аст, ки дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар фазои ҳунари театрии тоҷик илқилоб ба вуҷуд овард ва мактаби театри миллиро асос гузошт.
Ба қавли театршиносон, идомадиҳандаи мактаби театри миллӣ Нозим Меликов аст, ки ба таври чашмрас роҳи устодашро идома додааст.
Ғайр аз ин, Нозим Мелик дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон омӯзгорӣ мекарду навқадамони роҳи эҷодро дар сабку салиқаи театри миллӣ тарбия мекард. Вале ин беморӣ сабаб шуд, ки аз тарбия насли ҷавон низ даст кашад.
Аҳли фарҳанг ба театр ва ҳунар баргаштани Нозим Меликро зарур медонанд ва бар ин ақидаанд, ки ӯ беш аз пеш дар такмилу тақвияти театри миллӣ саҳми боризи хешро гузошта метавонад.
Нозим Мелик дар тӯли фаъолияташ беш аз 14 ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба хазинаи театрӣ овардааст:
- Соли 1995 - ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту-1995” бо иҷрои нақши Исфандиёр дар намоиши “Исфандиёр”.
- Соли 2005 – ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ва ҷоизаи “Кори нахустини коргардонӣ-(Дебют)” дар Ҷашнвораи “Парасту-2005” бо намоиши “Парвози фохта”.
- Соли 2008 - ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардонаи дараҷаи-2” дар ҷашнвораи байналмиллалии “ART–ORDO” Қирғизистон бо иҷрои нақши Тансиқбоев дар намоиши “Як рӯзи дарозтар аз аср”.
- Соли 2011 – ҷои дуввум ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар Ҷашнвораи “Парасту-2011” бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.
- Соли 2014 – ҷоизаи “Беҳтарин намоиш” бо намоиши "Шабе дур аз ватан" дар Ҷашнвораи фарҳангии “Ҷило”.
- Соли 2015 – ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии “ART–ORDO”-и Қирғизистон бо намоиши “Иштибоҳ”.
- Соли 2015 - ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар Ҷашнвораи байналмилалии Тарази Қазоқистон бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.
- Соли 2016 – ҷоизаи “Беҳтарин иҷро-и дунафара (Дуэт) “Беҳтарин нақши мардона ва занона” дар Ҷашнвораи байналмилалии Талдиқурғони Қазоқистон бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.
- Соли 2017 – “Шоҳҷоиза”-и Ҷашнвораи “Парасту-2017” бо намоиши “Диравши коваёнӣ”.
- Соли 2017 – ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ва “Беҳтарин нақши занонаи дараҷаи - 2 дар Ҷашнвораи Налчики Русия бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.
- Соли 2017 - ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” дар Ҷашнвораи Владиқафқози Русия бо намоиши “Шабе дур аз ватан”.
- Соли 2019 – ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” дар Ҷашнвораи “Парасту-2019” бо намоиши “Кӯҳҳо вақте суқут мекунанд”.
- Соли 2019 – ҷоизаи аввали Ҷашнвораи Жескасгани Қазоқистон бо намоиши “Диравши коваёнӣ”.
- Соли 2023 - ҷоизаи махсуси ба номи Хушназар Майбалиев дар Ҷашнвораи "Парасту-2023" бо намоиши "Иштибоҳ".
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Дар Тоҷикистон 49 ҳазор нафар расман бекор эътироф шудаанд
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста