Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, овозхони саршиноси ин кишвар Юлдуз Усмонова як соати вақти худро дар барномаи «50/50»-и радиои «Азия-Плюс» гузаронд.

Дар ин муддат натанҳо бо шунавандагону мухлисони сершумораш гуфтугӯ кард, балки бо рӯзноманигорони маҳаллӣ низ мусоҳиба орост. Дар ин навори видео тамоми лаҳзаҳои шавқовару гуворо махсус барои Шумо таҳия шудааст.