Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт ва ба Тоҷикистон овардани Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим", ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шуда буд, тадиқ кард ва гуфт, “ӯ барои фурӯшу интиқоли маводи мухаддир гумонбар аст”.
Ӯ имрӯз, 13-уми феврал дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, Иброҳим Сафаров, ки барои муомилоти маводи мухаддир дар кофтуков буд, аз Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.
Ба гуфтаи вазир, бар зидди Сафаров "15 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қаблан ӯ дар Русия ҳам ҳасб шуда буд".
“Ӯ дар кофтуков қарор дошт. Бар зиддаш 15 парвандаи ҷиноятӣ барои муомилот баровардани маводи мухаддир боз шудааст, ки пеш дар ҳудуди Русия ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Баъди озод шудан дар Туркия қарор дошт, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидан дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст”, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Вазир нагуфт, ки бар зидди ӯ мушаххас бо кадом моддаи қонунгузорӣ парванда боз шудааст.

Қаблан Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Иброҳим Сафаров дар аввали моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд.
“Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад,” – гуфтааст манбаи ин расона.
Номи Иброҳим Сафаров аз ин пеш тобистони соли 2024 дар марбут ба муомилоти маводи мухаддир расонаӣ шуда буд.
Он замони Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти Комрон Ҳамроев, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе бо гумони фурӯши “ҳабҳои экстазӣ” хабар дод ва гуфт, ки ӯ аз наздикони “Боим” буда, бо дастури ӯ дар Душанбе маводи мухаддир мефурӯхт.
“Ҳамроев Комрон таҳти роҳбарии хешовандаш Сафаров Иброҳим, бо тахаллуси Боим, ки пеш барои кочоқи маводи мухаддир суд шуда, ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул буд”,-гуфта шудааст дар хабарномаи ВКД.
ВКД гуфта буд, ки гурӯҳи “Боим” аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо истифода аз васоили пешрафта ин корро анҷом медод.
Аз ин пештар, соли 2006 “Боим” дар Русия бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии “Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард.
Худи Иброҳим Сафаров дар додгоҳ даст доштанаш дар қочоқи маводи мухаддирро рад карда, гуфтааст, ки қурбони “подстава” шудааст. Ӯ баъди чанд сол ба озодӣ баромад ва таҳти кадом шароит маълум нест.
Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шуда, қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард. Ӯ бо дасти кушод ва саховатмандиаш низ шуҳрат дошт ва аз ҷумла ҳунармандони тоҷикро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекард.
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста