Барои сохтмони маҷмаааи нави парлумони Тоҷикистон дар Душанбе Чин 230 млн. доллар грант ё кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

“Бо ҷониби Чин дар ин хусус тавофуқи дахлдор ҳосил шудааст”, - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи умуми гранти аз ҷониби Чин ҷудомешуда тақрибан 230 млн. долларро ташкил медиҳад.

Аҳмадзода қайд кард, ки бинои нави парлумон дар Душанбе аз чор ошёна иборат буда, лоиҳаи он таҳия шудааст ва корҳои пешакӣ оғоз гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода бар ин назар аст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ тасҳеҳи нақшаҳо оид ба бунёди биноҳои бузурги маъмурӣ мувофиқи мақсад нест.

“Ин воситаҳои грантӣ аст. Гуфтанд, ки бисозед, мо ба шумо восита ҷудо мекунем. Ба мо кумаки бебозгашт мекунанд. Шаҳрвандони мо бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Мо созиш ҳосил кардем, ки ҳатто агар маҷмааҳоро ширкатҳои чинӣ бисозанд ҳам, 80 фоизи коргаронро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод. Ин хуб аст. Пойтахти мо обод шуда, ду маҷмааи нав сохта мешавад. Имрӯз ба мо маблағ ҷудо мекунанд ва мо бояд аз онҳо истифода барем”, - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки қаблан бо истинод ба манбаъҳо аз ҳукумат зикр гардида буд, ки барои сохтмони маҷмааи парлумонӣ дар Душанбе Арабистони Саудӣ дар ҳаҷми беш аз 200 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Аммо баъдан дар намояндагии дипломатии ин кишвар ин маълумотро рад карданд.

Аҳмадзода зикр кард, ки айни замон доир ба пешниҳоди грант аз ҷониби Чин барои сохтмони маҷмааи бинои ҳукумат низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Маҷмааи нави парлумонии Тоҷикистон майдони 6 гектар дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон - хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат меафрозад. Маҷмаа дар ҷои биноҳои Вазорати кишоварзӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт, сафорати Эрон ва якчанд биноҳои истиқоматии равоқдор, ки кӯчонида мешаванд, бунёд мегардад.