Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мубориза натанҳо бар зидди ҳиҷоб, балки бо сарулибоси аврупоии “беодобона”-ро низ роҳандозӣ мекунад, ки ба фарҳанги миллии мо бегона аст.
Муовини раиси Кумита Марҳабо Олимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳҳои кории Кумита миёни занон пӯшидани сарулибоси миллии тоҷикиро тарғиб намуда, ба онҳо мефаҳмонанд, ки ҳиҷобу сатру сарбанд барои тоҷикон бегона буда, ҳамчунин ба духтароне, ки сарулибоси беодобона мепӯшанду қариб нимурён гаштугузор доранд, таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
“Эмомалӣ Раҳмон аз реша давонидани тундгароӣ дар ҷомеа, таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба сарулибосу фарҳанги бегона шадидан нигаронӣ изҳор намуда, дастур дод, ки бо сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона мубориза бурда шавад ва мо ин вазифаро иҷро мекунем”, - иброз дошт Олимӣ.
Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи кор бо занон дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дигар ояндаи наздик баҳри пешгирии гаравидани ҷавонон ба анъанаҳои бегона намунаҳои тавсиямешудаи сарулибосеро, ки ба фарҳангу оини тоҷикон хос аст, таҳия хоҳад кард.