Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-Авиа» парвози ҳавопаймоҳояшро ба ҳамаи хатсайрҳои Маскав - Қӯрғонтеппа - Маскав, ки аз моҳи октябри соли равон пешбинӣ шуда буд, бекор кард.
Қобили зикр аст, ки фурӯши билетҳо ба ин хатсайр оғоз гардида, лекин дар робита ба мушкилот дучор гардидани ширкати «ВИМ-Авиа», фурӯши он боздошта шуд.
Хабарнигори «Азия-Плюс» аз 15 нуқтаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Қӯрғонтеппа боздид намуда, маълум шуд, ки фурӯши билетро онҳо аз 25 сентябр боздоштаанд, зеро маҳз ҳамин рӯз ширкат изҳор намуд, ки барои идомаи фаъолияти худ дигар маблағу восита надорад.
Танҳо дар ду нуқтаи фурӯш хабар доданд, ки онҳо ба санаи 2 октябр ба ин хатсайр якчанд билет фурӯхтаанд. Арзиши билетҳои фурӯхташуда 2200-2300 сомониро ташкил дода, вале дар нуқтаҳои фурӯш гуфтанд, мусофирони билетҳоро дастраскарда аллакай онҳоро баргардонида, пулашонро бозпас гирифтаанд.
Дарёфти намояндагони ширкати ҳавопаймоии русиягӣ дар Қурғонтеппа муяссар нашуд. Сардори фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа низ аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид.