Ҳамаи аттраксионҳо, нуқтаҳои фурӯш ва дигар иншооти боғи назди Кӯли ҷавонони пойтахт, ки дар рӯ ба рӯи Боғи ҳавйвонот воқеъ аст, кӯчонида шуда, дар ин ҷо боғи нав бунёд мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдории пойтахт Қосимҷон Усмонзода хабар дод, боғи назди кӯл пеш аз ҳама бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ навсозӣ мешавад.

«Ҳамаи аттраксионҳои пешинаи ин ҷо кӯҳнаву фарсуда ва ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ набуданд, - иброз дошт ӯ. - Акнун ба ҷойи аттраксионҳо боғи муосиру ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо сохта мешавад».

Дар мавриди дар боғи нав ҳам ҷойгир шудани аттраксионҳо Усмонзода чизе нагуфта, танҳо қайд кард, ки «таъмиру навсозии ин боғ ба нақша гирифта шудааст».

1/6

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин гулгашти назди сафорати Русия дар Душанбе, боғ барои кӯдакон дар назди варзишгоҳи «Спатак» ва гулгашти назди Донишкадаи забонҳо дар маҳалли 102-юм низ ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ доранд.