Дар рейтинги созмони байнулмилалии British Backpacker Society Тоҷикистон ба рӯйхати 20-гонаи беҳатрини кишварҳо барои саёҳати шавқовар шомил гардид.

Кишварҳои бештар мувофиқ ба саёҳати шавқовару ҷолиб Покистон, Русия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон дониста шуда, Тоҷикистон дар паҳлӯи Лубнон ва Чин - дар мақоми 7-ум ҷойгир шудааст. Ӯзбекистон зинаи 19-умро касб кардааст.

Дар идомаи рейтинг чунин кишварҳо ҷойгиранд: Гурҷистон, Уганда, Босния ва Герсеговина, Ӯрдун, Ироқ, Конго, Алҷазоир, Черногория, Миср, Руанда, Косово.

Созмони байнулмилалии British Backpacker Society як ҷамъияти сайёҳие мебошад, ки фаъолияташ ба омӯзишу таҳқиқи кишварҳои начандон маъруф равона гардидааст.