Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нахуст дар «Боғи Ирам»-и пойтахт рӯзи 22 март таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳӣ  баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар доираи фестивал ҷашни Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон ба меҳмонону сайёҳон, ки дар арафи ид ба ҷумҳурӣ меоянд, муаррифӣ мешавад.

«Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта,  барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад», - гуфтанд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки ба ин чорабинӣ намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе даъват шуда, дар маҷмӯъ аз иштироки беш 4 ҳазор нафар дар фестивал интизорӣ меравад.

Фестивали фарҳангию сайёҳӣ соати 11:00 дар «Боғи Ирам» оғоз гардида, муддати тамоми рӯз идома меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.