Мегӯянд, ки зани рус бидуни тарсу ҳарос аспро ҳангоми ҷастухез ором мекунаду ба хонаи сӯхтаистода низ ворид мешавад. Дар мисоли Зуҳро Имомова метавон гуфт, ки зани тоҷик ҳатто шерро дастомӯзи худ гардонида метавонад.

Дар Тоҷикистон ҳама аз шуҷоату далерии ӯ огаҳанд. Ҳатто номи ин зани корманди боғи ҳайвонотро шӯхомез «шери нар» ҳам ба забон меоранд. Дар бораи ӯ дар матбуот маводи зиёде нашр шуда, дар шабакаҳои маҳаллии телевизион гузоришҳо ҳам намоиш дода шуданд. Лекин ҳамсоягони мо - сокинони Ӯзбекистон ба гумон аст, ки дар бораи Зуҳро Имомоваи ҷасуру бебок маълумоти муфассал дошта бошанд. Дар Осиёи Марказӣ ӯ ягона занест, ки ба ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ муваффақ шудааст.

Маҳз бо ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем, ки дар доираи лоиҳаи «Салом, соседи!» дар бораи ӯ гузориши начандон бузурги видеоӣ таҳия намоем, то ки дар он сӯи марз низ аз то ба кадом андоза далеру шуҷоъ будани зани тоҷик огаҳ шаванд.

Мутмаинем, ки маълумот доир ба ҳаёти мардуми оддӣ натанҳо аз шаҳрҳои бузург, балки аз шаҳрҳои хурд ё ба сурати умум на аз шаҳр, дар расонаҳои имрӯз хеле камёфтанд. Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Салом соседи!», ки баҳри ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар шудани тоҷикону ӯзбекон роҳандозӣ шудааст, мо бо ҳамкоронамон талош хоҳем кард, ки ин камбудӣ бартараф шавад.

Дигар гузоришҳои лоиҳаи «Салом соседи!»:

«Сирри садсолаҳо: коғази самарқандӣ чӣ хел тайёр мешавад?»;

«Сабзчашму малламӯй: аз кадом лиҳоз симои тоҷикон беназир аст?»;

«Хаттотӣ дар Ӯзбекистон ва самтҳои истифодаи ҳозираи он»;

 «Қалъаи Муғ: навсозии мероси бостонӣ чӣ гуна ҷараён дорад?».

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].