Як гурӯҳ аз волидон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки реҷаи пешинаи таътил ба мактабҳо баргардонда шавад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муроҷиатнома бо имзои беш аз 600 падару модар рӯзи 28-уми май ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол гардидааст.
Гуфта мешавад, падару модарон дар номаи худ аз он нигаронӣ кардаанд, ки аз таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум кардани хонандаҳо ба саломати кӯдакон бетаъсир намонда, хонандаҳоро хаста ва майли онҳоро ба таҳсил кам кардааст.
«Аз назари равонӣ, тӯлонӣ идома ёфтани вақти таътили зимистона ба таълими комил баргардондани мактаббачаҳо таъсири манфӣ мерасонад», - омадааст дар мактуби падару модарон ба ҳукумати Тоҷикистон.
Қайд мешавад, ки волидон дар номаи худ хостаанд, занги охир мисли солҳои қабл ба рӯзи 25-уми май баргардонда шавад ва дар ҳамон рӯз дарсҳо хотима ёбанд. "Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати баргардондани реҷаи пешинаи банақшагирии вақти таътили мактаббачагон тадбирҳои зарурӣ андешед", - хулоса кардаанд волидон.
Бо дастури вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз соли хониши 2010-2011 толибилмони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум гардида, ба ивази он аз 1 то 31 январ як моҳ таътили зимистона ҷорӣ шуд. Таътили тирамоҳӣ аз 24-уми октябр то 1-уми ноябр ва таътили баҳорӣ аз 24-уми март то 1-уми апрел идома мекард
Ин иқдоми худро Вазорати маориф ба беҳбуди шароити баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, аз қабили давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси омӯзгорон ва олимпиадаҳо маънидод карда буд, то ки муаллимону омӯзгорон аз ҷараёни хониш барканор карда нашаванд.
Ҳоло талаби волидон барои баргардондани таътилҳои қаблӣ дар ҳолест, ки Вазорати маориф ва илм ҳам чанде пеш барои тағйири низоми таътил ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ҳоло ин масъала дар ҳукумат баррасӣ мешавад ва агар ҳукумат иҷоза диҳад, низоми таътил дубора тағйир хоҳад ёфт ва ба эҳтимоли зиёд мактабҳо ба реҷаи қаблии таътил бармегарданд.