Комиссияи ҳукумат оид ба таҳияи қонунҳо лоиҳаи қонунеро баррасӣ намуд, ки ақди никоҳи қалбакӣ барои муҳоҷирони хориҷиро бемаънӣ мекунад, менависад Muhojir.news.tj бо истинод ба нашрияи «Российская газета».

Тағйиротҳо ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ зиндагии дур аз оиларо ба ҳамсарон манъ мекунад. Инро хадамоти муҳоҷират дақиқкорона пайгирӣ мекунад, менависад «Российская газета».

«Лоиҳа ба коҳиши омилҳои сабти қалбакии ақди никоҳ равона шудааст», – гуфтааст раиси Идораи Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Владимир Груздев. – Бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳуқуқи гирифтани иҷозати зист дар кишвари мо аз рӯи квотаҳои муқаррарнашуда сӯистифода бурда, ба таври қалбакӣ издивоҷ мекунанд».

Албатта, барои муҳаббат сарҳад вуҷуд надорад. Ҳастанд нафароне, ки сидқан мехоҳанд, ки оила барпо кунанд. Лоиҳаи мазкур барои шахсоне, ки самимона мехоҳанд оила барпо кунанд, монеа нахоҳад шуд. Танҳо онҳое, ки ҳамдигарро дӯст надошта, қалбакӣ издивоҷ мекунанд, дучори мушкилот мешаванд.

«Албатта, ҳуқуқи инсон барои зиндагии якҷоя бо хонаводааш зери шубҳа гузошта намешавад, – қайд мекунад Владимир Груздев. – Бо вуҷуди ин, меъёрҳое, ки оилаҳоро ҳимоя мекунанд, набояд барои шаҳрвандони беинсоф ба як гузаргоҳе табдил ёбанд».

Масалан, чанде пеш ақди никоҳи як зан, сокини Перм ошкор гардид.

Прокуратура муайян кард, ки зан бо шаҳрванди яке аз кишварҳои ҷанубӣ асло беқалин хонадор нашудаст. Арзиши қалини ӯ 5 ҳазор рублро ташкил медод. Ин ҷуфт як рӯз ҳам якҷоя зиндагӣ накарданд ва амволи умумӣ надоштанд. Аммо муҳри шиноснома ба шаҳрванди хориҷӣ иҷоза дод, ки барои дарёфти мақоми сокини доимии кишвари мо иддао кунад.

Сокини Перм барои никоҳи қалбакӣ бо шаҳрванди яке аз кишварҳои ҷанубӣ 5 ҳазор рубл гирифтааст.

Тавре дар прокуратураи минтақаи Перм гуфтанд, ҷиҳати беасос эътироф кардани ақди никоҳ ба суди нохиявӣ шикоят бурдааст. Суд бо ин розӣ шуд ва сабти ақди никоҳ бояд бекор карда шавад.

Теъдоди чунин қазияҳо дар ҳоли афзоиш аст: прокурорҳо дар тамоми кишвар тариқи суд никоҳҳои қалбакиро ошкор ва бекор мекунанд. Аммо талабот ба арӯсҳои қалбакӣ ва пешниҳодҳои мазкур дар бозори хизматрасониҳои «никоҳӣ» мунтазам меафзояд. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки барои домодҳои хориҷӣ маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ карда шаванд.

«Шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқ надорад, ки мустақилона ҷойи зисташро иваз намояд ва ба дигар минтақа кӯчад, – шарҳ медиҳад Владимир Груздев. –Агар зарурати кӯчиш аз рӯи сабабҳои оилавӣ ба миён ояд, дар ин маврид тартиби «ризоият» пешбинӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол раиси Идораи АҲР махсусан таъкид менамояд, ки қонун ҳуқуқи ҳаракати шаҳрвандони Русияро дар тамоми қаламрави кишвар маҳдуд намекунад. «Хамчунин ҳуқуқи аъзои оилаҳои шаҳрвандони Русия аснои ҳаракати онҳо ҳамроҳи наздиконашон дар кишвар маҳдуд карда намешавад, – мегӯяд ӯ. – Маҳдудиятҳо ҳамчунин ба рухсатиҳо ва сафарҳои хизматӣ низ дахл надошта, танҳо ба ивази ҷойи зисти доимӣ тааллуқ доранд».

Иҷозатномаи зисти муваққатӣ танҳо дар дохили ҳамон минтақа дода мешавад, ки дар он ҷо наздикони ӯ бо шаҳрвандии Русия зиндагӣ мекунанд.