Ҳамаи кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандони фаъолияташон қатшуда ба меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуданд.
Сарраёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муддати ду рӯзи санҷиш фаъолияти 13 кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳуҷраҳои табобати дандонро қатъ намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.
Ба моликони ин коргоҳҳо дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро ба талаботи санитарию эпидимиологӣ мутобиқ намоянд.
Гуфта мешавад, дар ду рӯзи санҷиш мутахассисони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудиҳоро ошкор кардаанд. Рейдҳоро гурӯҳи кории иборат аз табибон, эпидемиологҳо ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ баргузор мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита пешниҳод намуд, ки нисбати дандонпизишкон, ҳамчунин кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, ки бо айби онҳо одамон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд, ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.