Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Салом” нахустин дар Тоҷикистон роҳнамои муҷалло ба нашр расонид.

Роҳнамо-маълумотнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки ба сифати меҳмону сайёҳ ё барои кору истироҳат ба Душанбе меоянд.

Дар он доир ба меҳмонхона ва тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳр, ки дар он ҷо метавон ҳам аз хӯроки миллӣ ва ҳам аз таъомҳои дигар халқҳои ҷаҳон истеъмол намуд, маълумоти муфассал ва муфид гирдоварӣ шудааст.

Ҳамчунин дар роҳнамо-маълумотнома суроғаи осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳату фароғати воқеъ дар наздик ва гирду атрофи шаҳри Душанбе зикр шудааст.

Ба хоҳишмандони сайру саёҳат дар Тоҷикистон суроға ва рақами телефонҳои терминалҳои нақлиётӣ ва хадамоти такси, ширкатҳои сайёҳӣ (туризми дохилӣ) ва хадамоти ёрии таъҷилӣ пешниҳод мешавад.

Дар баробари ин дар раҳнамо дарёфти маълумот доир ба макони ҷойгиршавии ташкилотҳои гуногун ва сафоратхонаҳо бо рақамҳои телефон ва суроғаи электронӣ имконпазир мебошад.


Барои сайёҳони нисбатан кампул дар раҳнамо суроғаҳо ва рақами телефонҳои меҳмонсаройҳо ва хостелҳо зикр мешавад.

Ғайр аз ин, дар он доир ба замимаи махсус барои сайёҳон аз ширкати мобилии Tcell – бастаи «Welcome» маълумот дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.